Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Раисони вилояти Хатлон


Раисони вилояти Хатлон




Хизматчиёни давлатӣ неруи пешбарандаю таҳкимбахши давлату давлатдорӣ мебошанд. Онҳо бояд намунаи интизоми олию меҳнати фидокорона ва содиқона бошанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Иззатулло Ҳалимов, котиби якуми Кумитаи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар вилояти  Хатлон (солҳои 1988 – 1990) Иззатулло Ҳалимов соли 1939 дар деҳаи Яхчи ноҳияи Комсомолободи Тоҷикистони Шӯравӣ дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик ва аз соли 1960 аъзои ҳизб шудааст. Ӯ дорои маълумоти олӣ буда, фаъолияти меҳнатиашро соли 1959 ба ҳайси инструктори Кумитаи комсомоли
Тоҷикистон шурӯъ кардааст.

Солҳои 1970 – 1972 котиби якуми ноҳияи Комсомолобод таъин шудааст.

Солҳои 1988 – 1990 дар вазифаи котиби якуми Кумитаи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар вилояти Хатлон фаъолият кардааст.



Акбар Мирзоев, раиси комиҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи вилояти Хатлон (солҳои 1988 – 1990) Акбар Мирзоев 15 – уми феврали соли 1939 дар ноҳияи Нораки вилояти Хатлон таваллуд шудааст.

Миллаташ тоҷик буда, соли 1960 техникуми шаҳри Душанбе ва соли 1983 Донишкадаи Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис гидротехник ба таври ғоибона дар вилоят хатм кардааст.

Соли 1974 дар Вазорати хоҷагии оби Тоҷикистон, Раёсати маҳсулоти хӯроквории вилоят роҳбар таъин шудааст.

Соли 1987 раиси комиҷроияи саноати хӯроквории Тоҷикистон шуда фаъолият намуд. Солҳои 1988-1990 раиси комиҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи вилояти Хатлон будааст.




Абдуҷалол Салимов, раиси вилояти Хатлон (солҳои 1992 – 1996) 1 – уми марти соли 1950 дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2000 – 2005.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати IV буд.

Дар солҳои 1992 – 1996 раисии вилояти Хатлонро ба уҳда дошт.




Давлаталӣ Шарифов, раиси вилояти Хатлон (солҳои 1996 - 2001) Давлаталӣ Шарифов 11-уми сентябри соли 1949 дар ноҳияи Вахш ба дунё омадааст.

Ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ буда, Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис – гидротехник хатм кардааст.

Солҳои тӯлонӣ дар вазифаҳои гуногуни соҳаи сохтмон ва обёрии вилояти Хатлон фаъолият карда, дар солҳои 1996 – 2001 вазифаи раиси вилояти Хатлонро ба уҳда дошт.




Амиршо Миралиев, раиси вилояти Хатлон (солҳои 2001 – 2006) 20 – уми декабри соли 1946 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст.

Ходими давлатӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар солҳои 1994-2000 мушовири Президенти Тоҷикистон дар масъалаи кадрҳо буд.

Дар интихоботи солҳои 1990, 1995 ва соли 2000 вакили парлумон интихоб шудааст.

Дар соли 2001 раиси Ҳукумати вилояти Хатлон таъин шуд.




Ғайбулло Авзалов, раиси вилояти Хатлон (солҳои 2006 – 2013) Ғайбулло Авзалов 10 – уми декабри соли 1948 дар ноҳияи Восеъ ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик.

Соли 1969 Донишкадаи аграрӣ ва соли 1991 Донишкадаи сиёсат ва идораи шаҳри Тошкентро хатм кардааст.

Соли 2006 бо Фармони Президенти Тоҷикистон вазифаи раиси вилояти Хатлон таъин гардида, то соли 2013 ин масъулиятро ба уҳда дошт.




Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон (2013 - 2019) Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ 10 январи соли 1961 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст.

Миллаташ тоҷик ва маълумоташ олӣ мебошад.

Соли 1987 Донишкадаи муҳандисони обёрӣ ва механикунонии хоҷагии қишлоқи Тошканд ва соли 2007 Академияи хизмати давлатии назди Русияро хатм кардааст.

Аз 14 январи соли 2019 дар вазифаи раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Тоҷикистон кор кардааст.

Дар солҳои 2013 – 2019 вазифаи раиси вилояти Хатлонро бар дӯш дошт.


Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон (аз соли 2019 – то имрӯз) Қурбон Ҳакимзода 1 апрели соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик буда, соли 1988 Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро хатм кардааст.

Номзади илмҳои кишоварзӣ буда, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон мебошад. Узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аст.

Аз соли 2019 инҷониб дар вазифаи раиси вилояти Хатлон фаъолият мекунад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода