Балҷувон. Минтақаи туризми байналмилалӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 28 ноябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Туризм / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 951
Ноҳияи Балҷувон 2 феврали соли 1996 дар заминаи хурд кардани ноҳияҳои Ховалинг ва Темурмалик (собиқ ноҳияи Совет) таъсис ёфтааст. Дар ин давра мардуми ноҳия ба муваффақиятҳои бузург дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ноил гардиданд.
Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ бо дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар зарфи 30 сол дар ноҳия як қатор иншооти фарҳангиву варзишӣ, сохтмони муассисаҳои соҳаи маорифу тандурустӣ, маишиву хизматрасонӣ қомат афрохта ва сохтмони чандин иншооти муҳими дигар бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маром идома доранд.
Бо дарназардошти нақши бузурги илму маърифат дар рушди ҷомеаи мутамаддин Давлату Ҳукумати кишвар дар даврони истиқлолият масъалаи пешрафти илму маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ эълон кардааст.
Дар ин росто, дар зарфи 30 соли Истиқлоли давлатӣ дар ноҳия 37 иншоот дар соҳаи маориф бо фарогирии 2574 ҷойи нишаст ба истифода супорида шудааст. Аз ҷумла, сохтмони 16 мактаби миёна, сохтмони 10 мактаби асосӣ ва 11 мактаби ибтидоӣ мебошад.
Тибқи сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат ва Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи тандурустӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардида, барои рушду нумӯи соҳа аз буҷети мамлакат маблағҳои зиёд ҷудо мешаванд, то сатҳи хизматрасонии тиббӣ баланд шуда, ба талаботи рӯз ҷавобгӯ бошад. Ҳамин аст, ки дар довоми 30 сол дар ҳудуди ноҳия дар соҳаи тандурустӣ 26 иншоот, аз ҷумла, беморхонаи марказӣ, 2 беморхонаи қитъавӣ, 15 бунгоҳи тиббӣ, 7 маркази саломатӣ ва 1 адад Маркази байналмилалии «Тавонбахшӣ» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи фарҳангро дар раванди ташаккули ҷомеаи муосир ва баланд бардоштани ифтихори миллӣ самти афзалиятнок муқаррар намуда, дар рушди ҳамаҷонибаи он таваҷҷуҳи хоси рӯзмарра зоҳир менамояд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон ба масъалаҳои рушди фарҳанг диққати махсус медиҳад. Дар зарфи 30 сол дар ноҳия 12 иншооти фарҳангӣ, аз ҷумла қасри фарҳангӣ дар маркази ноҳия, гулгашт дар маркази ноҳия, бинои маъмурии Матбаа ва рӯзномаи ноҳиявӣ, китобхонаи ноҳиявӣ дар деҳаи Шайдони Ҷамоати деҳоти “Сари Хосор”, осорхонаи мардумии ноҳия дар маркази ноҳия, осорхонаи таърихию кишваршиносӣ дар Ҷамоати деҳоти “Сари Хосор”, осорхонаи таърихии ҶБВ ба номи С.Турдиев дар Ҷамоати деҳоти “Балҷувон”, китобхонаи марказӣ дар деҳаи Сари мазори Ҷамоати деҳоти “Сафар Амиршоев”, оромгоҳи Шоҳ Неъматуллоҳи Зарробӣ дар деҳаи Сари мазор, оромгоҳи Хоҷа Қутбиддин дар Ҷамоати деҳоти “Тоҷикистон”, қалъаи таърихии Мири Балҷувон ва ғайра бунёд ёфтааст, ки баҳри тақвияти сатҳи фарҳангии ноҳия мусоидат менамояд.
Соли 2011 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳия бинои комиссариати ҳарбӣ, чойхона дар деҳаи Сари мазор, маркази байналмилалии «Тавонбахшӣ», китобхона ва осорхона дар деҳаи Шаидони Ҷамоати деҳоти “Сари Хосор” мавриди истифода қарор дода шуд.
Ҳамзамон, дар соли 2017 аз тарафи Пешвои миллат дар маркази ноҳия бинои маъмурии шуъбаи маориф, шуъбаи таваллудхона дар деҳаи Шаидони Ҷамоати деҳоти “Сари Хосор” мавриди истифода қарор дода шуда, ба сохтмони роҳи автомобилгарди «КангуртБалҷувон-Ховалинг» ва бунёди 20-адад иншооти таъиноти гуногун дар Ҷамоати деҳоти “Сари Хосор” санги асос гузошта шуд.
Дар соли 2019 бошад, дар ноҳия бо иштироки Пешвои миллат 11 иншооти таъиноташон гуногун, аз ҷумла хатти оби нушокӣ дар деҳаи Калтачинори Ҷамоати деҳоти “Тоҷикистон”, корхонаи коркарди сангҳои маҳаллии ҶДММ «Элегант», роҳи автомобилгарди «Кангурт-Балҷувон-Ховалинг», бинои маъмурии Дидбонгоҳи алоҳидаи ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар ноҳия, бинои маъмурии бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, коргоҳи дӯзандагӣ, бинои дуошёнаи боғчаи кӯдакона барои 100 кӯдак, толори варзишӣ бо 144 ҷойи нишаст, тарабхонаи «Насими Балҷувон» ба истифода супорида шуд.
Дар соли 2021 низ бо иштироки Пешвои миллат дар ноҳияи Балҷувон як қатор иншооти таъиноташон гуногун - бинои маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бинои маъмурии шуъбаи Амонатбонк №75, бинои Осорхонаи мардумӣ, бинои матбаа дар маркази ноҳия, бинои Маркази адлия, майдони Парчам ва Нишони давлатӣ дар маркази ноҳия, варзишгоҳи марказӣ бо 6000 ҷойи нишаст, тарабхонаи «Сайди Хосор», корхонаи коркарди асал дар деҳаи Шаидон, майдони Парчами давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Бо қарори раиси ноҳияи Балҷувон аз 20 июни соли 2022, №146, бахшида ба таҷлили Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия бунёди 257 иншооти таъиноти гуногун тасдиқ карда шудааст. Аз ҷумла, 20 муассисаи таълимӣ, 15 муассисаи тиббӣ, 5 муассисаи фарҳангӣ, 12 корхонаи саноатӣ, 205 иншооти дигар пешбинӣ гардидааст. Айни замон дар 45 иншоот корҳои сохтмонӣ ҷараён дорад, ки 7 иншоот, аз ҷумла корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахш, маркази савдо ва хизматрасонии “Фарзона”, бинои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8, маркази саломатӣ дар деҳаи Охбулоқ, мумфаршкунии роҳи байнидеҳавӣ дар деҳаи Тупхона ба масофаи 1 км, мумфаршкунии роҳҳои маркази ноҳия, хатти оби нушокӣ аз деҳаи Калтачинор ба маркази ноҳия бо масофаи 4 км мавриди истифода қарор дода шудааст.
Бахтиёр САФАРЗОДА,
раиси ноҳияи Балҷувон
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00