ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ЭҲЁГАРИ ХАТЛОН
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 23 ноябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 499
Вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он бо таърихи бостонӣ ва фарҳанги рангорангу ғании худ маълуму машҳур мебошад, зеро дар ҳудуди вилоят шумораи зиёди ёдгориҳои таърихиву фарҳангии барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ бисёр ҷолиб мавҷуданд.
Бо истифода аз ёдгориҳои нодири таърихӣ, табиати зебо, обҳои шифобахш, расму ойинҳои гуногуни миллии гӯшаҳои мухталифи ин диёр муҳайё сохтани инфрасохтори зарурӣ барои рушди сайёҳӣ, бахусус, саёҳати табобативу экологӣ ва ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ яке аз воситаҳои асосии бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ ва беҳтар гардонидани сатҳи зиндагии сокинони вилоят мебошад.
...Хатлон на фақат аз рӯи аҳолӣ, балки бо захираҳои фаровони ашёи хом ва имкониятҳои бузурги истеҳсолӣ калонтарин вилояти мамлакат ба ҳисоб меравад.
Пешвои миллат
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон