Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Қарорҳои Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Қарорҳои Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон



Дар бораи ташкил намудани вилояти Хатлон дар ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон 


Таклифи 116 депутати халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешниҳоди Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуда, Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҚАРОР МЕКУ НАД:

1. Дар ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби якҷоя кардани вилоятҳои Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа вилояти Хатлон ташкил намуда, маркази маъмуриаш шаҳри Қӯрғонтеппа муқаррар карда шавад.

2. Ваколати депутатҳои Шӯроҳои депутатҳои халқи вилоятҳои Кӯлобу Қӯрғонтеппа дар ҳайати Шӯрои депутатҳои халқи вилояти Хатлон нигоҳ дошта шавад.


3. Ба Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шавад, ки ҳайати комитети ташкилиро оиди ҳалли масъалаҳои вобаста ба ташкили вилояти Хатлон тасдиқ намояд.


Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ РАҲМОНОВ,
шаҳри Хуҷанд, 2 декабри соли 1992
***
Дар бораи комитети ташкилии оиди вилояти Хатлон Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон


ҚАРОР МЕКУ НАД:
1. Комитети ташкилии Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди вилояти Хатлон дар ҳайати
ҲАЁЕВ Изатулло (раис),
ҒИЁСОВ Қадриддин (муовини раис),
ЭСОНҚУЛОВ Эшбурӣ,
НИЁЗМАМАДОВ Алимамад,
РУСТАМОВА Қиматгул,
ЮСУФОВ Юнусхон,
НЕЪМАТОВ Айнулло,
САЛИМОВ Абдуҷалил тасдиқ карда шавад.


2. Ба Комитети ташкилии оиди вилояти Хатлон
ваколатҳои комитети иҷроия дода шавад.


Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ РАҲМОНОВ,
шаҳри Хуҷанд, 3 декабри соли 1992

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода