Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Паёми табрикотии раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода ба муносибати Рӯзи театри тоҷик


Паёми табрикотии раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода ба муносибати Рӯзи театри тоҷик



Муҳтарам аҳли санъату ҳунар ва дӯстдорони театр!


Санъати театрӣ яке аз санъатҳои бисёр муҳим ва дорои заминаҳои таърихии миллати тоҷик маҳсуб меёбад. Маҳз ҳунармандӣ ва мазҳакабозии ширинкорони тоҷик дар тӯю маъракаҳо, маросиму идҳо барои ба миён омадани театрҳои халқӣ ва ривоҷи ин намуди санъат асос гузоштаанд.


Ҳарчанд дар таърихи миллати мо санъати театр аз бостон ба шакли имрӯза, яъне театрҳо зуҳур накарда бошад ҳам, аммо намояндагони ин намуди санъат миёни мардум мавқеву манзалати хоса доштанд. Ҳамин аст, ки имрӯз театри тоҷик ва ҳунармандони асили санъати театрӣ бо таҳияи намоишномаҳои моҳияти тарбиявидошта сарҳадҳоро убур карда, миёни ақвоми дигар ин санъати хоси тоҷикро машҳур карданд.


Бо истифода аз ин фурсати муносиб аҳли ҳунар ва ҳаводорони театри тоҷикро ба муносибати Рӯзи театри тоҷик табрику шодбош гуфта, саодату хушрӯзгорӣ ва муваффақиятҳои нави эҷодиро таманно менамоям.


Миллати тоҷик дар гузашта ва имрӯз, пеш аз ҳама, бо санъату ҳунар ва фарҳанги оламгираш шӯҳрати ҷаҳонӣ ёфтааст. Ва маҳз ҳамин фарҳанги воло дар ҳама давру замон миллати моро аз парокандашавӣ эмин нигоҳ дошта, дар тамаддуни халқи мо ҳамчун омили муҳими ояндасоз хизмат намудааст.


Рисолати аслии театр дар ҳама давру замон ба сифати ойинаи зиндагӣ шинохта шуда, баҳри инъикоси ҳақиқати ҳаёт талош намуда, дар баробари ин вазифаи ҳидояти мардум ба сӯи некиву накукорӣ ва таблиғи арзишҳои волои инсониро иҷро намуда меояд.


Бояд гуфт, ки театр дар ҳаёти фарҳангии давлатҳои соҳибтамаддун ва рангоранг сохтани маънавиёти аҳли ҷомеа мақоми пураҳаммият дошта, дар инъикос намудани муборизаи байни некиву бадӣ, адолату беадолатӣ, равшаниву зулмот, ошкорсозии камбудиву нуқсҳои ҷомеа ва бо ҳамин роҳ тарбия намудани насли солиму соҳибмаърифат саҳми басо арзишманд гузоштааст.


Бо дарназардошти ин нуктаи муҳим, Ҳукумати кишвар ҳамеша ба фарҳанг ҳамчун соҳаи афзалиятноки ҳаёти иҷтимоӣ таваҷҷуҳи хоса ва доимӣ зоҳир намуда, барои беҳдошти вазъи иҷтимоии аҳли ҳунар тадбирҳои зарурӣ меандешад.


Тавре ҳамагон воқифем охири моҳи гузашта ва аввали моҳи ноябр сафари кории Пешвои муаззами миллат ба шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла Шамсиддини Шоҳин, Кӯлоб, Норак, Қубодиён, Шаҳритус, Панҷ, Бохтар ва Ёвон сурат гирифта, дар баробари ифтитоҳи коргоҳу корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои таълимиву тиббӣ, марказҳои хизматрасонӣ, ҳамчунин чандин иншоотҳои фарҳангӣ, аз қабили майдони Парчам ва Нишони давлатӣ, боғи фарҳангӣ - фароғатӣ дар ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Қубодиён ва Панҷ, Маҷмааи “Дуои Модар” дар шаҳри Кӯлоб ба истифода дода шудаанд, ки аз таваҷҷуҳи махсуси Пешвои муаззами миллат нисбати рушди соҳаи фарҳанг ва таъмини фароғати мардум гувоҳӣ медиҳад.
Бо қаноатмандӣ изҳор медорам, ки бо ғамхориҳои давлату Ҳукумат дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ фарҳанги миллии мо дар тарбияи худшиносӣ, ҳисси миллии мардум, махсусан ҷавонон нақши муҳим бозида, дар ташаккули маънавии аҳли ҷомеа, шинохти рисолати таърихӣ ва густариши эҳсоси ватандорӣ таъсири амиқ гузошта истодааст.


Бахусус театр, ки воситаи пуриқтидортарини таъсиррасонӣ ба тафаккури инсон маҳсуб меёбад, дар ин самт нақши муҳим ва арзишманд дорад. Зеро тамошобин рӯйдодҳои зиндагиро дар саҳна дида, хаёлан худро ба қаҳрамонҳои мусбат монанд мекунад, ё ба қаҳрамонҳои манфӣ эҳсоси нафрату норизоиятӣ намуда, бо ҳамин роҳ олами ботинии хешро тарбият мебахшад.


Театр ва дар маҷмӯъ фарҳанг дар ҳама давру замон таҷассумгари ҳувияти миллист. Маҳз фарҳанг, забон ва анъанаву суннатҳои нек асолати миллиро пойдору устувор нигоҳ медоранд.
Аз ин хотир, имрӯз низ ҳар як ҳунарманд ва ҳар як коргардону драматург бояд талош варзад, ки фарҳанги миллиро бо тамоми ҷузъиёташ ҳифз карда, густариш диҳад, онро ба ҷаҳониён ба таври арзанда муаррифӣ намояд ва ҳамчун сарвати бебаҳои миллӣ барои наслҳои оянда бегазанд ба мерос гузорад. Гузашта аз ин набояд фаромӯш кард, ки ин кори танҳо аҳли фарҳангу ҳунар набуда, балки рисолати ҳар фарди соҳибватан мебошад.


Ҳукумати мамлакат ва шахсан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба фарҳанг ҳамчун соҳаи афзалиятноки ҳаёти иҷтимоӣ таваҷҷуҳи хоса ва доимӣ зоҳир намуда, барои беҳдошти вазъи иҷтимоии аҳли ҳунар тадбирҳои зарурӣ меандешанд.


Дар замони бархурди тамаддунҳо ва аз пештара дида мураккаб гардидани авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки таъсири он бештар эҳсос мешавад, ҳунармандони театрҳои моро зарур аст, ки пайваста дар сафи пеши тарғибу ташвиқи арзишҳои милливу инсонӣ ва густариши маърифату завқи баланди мардум қарор дошта, масъалаҳои нав ва мубрами ҳаётро дар даврони истиқлол ҷасурона ба миён гузоранд.


Ҳамчунин ҳар як ҳунарманд бояд таҷассумгари фарҳанги волои миллӣ ва арзишҳои умумибашарӣ бошад, то тавонад дар алоҳидагӣ ҳамчун тимсоли ибрат ба наслҳои ҷавон таъсири нек расонад.


Ҳунармандони театрҳои вилоят бо намоишҳои навоваронаи хеш ба кишварҳои хориҷи дуру наздик сафар намуда, ҳунари воло ва қадимаи намоишии миллати мо ва адабиёти оламгири онро ба ҷаҳониён муаррифӣ намудаанд.


Мо эҳсос менамоем, ки театрҳои касбӣ ва халқӣ дар тарғиби ғояҳои наҷиби инсондӯстона ва сиёсати бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат саҳми босазо гузошта истодаанд.


Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар партави сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат баҳри рушди соҳаи фарҳанг, бахусус санъати театрӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, ҳунармандонро пайваста дастгирӣ менамояд.
Айни ҳол дар вилоят 3 театрҳои касбӣ ва 5 адад театрҳои халқӣ фаъолият менамоянд. Дар ин муддат ҳунармандони театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакаи ба номи Ато Муҳаммадҷонов намоишнома-ҳои «Қалби зан», «Арӯси хаппак», «Зол ва Рудоба», «Ҳилаҳои Аҷузкампир», ҳунармандони Театри вилоятии мазҳака-мусиқии ба номи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб намоишномаҳои «Серӯза дунё» ва «Тарс» ва ҳунармандони Театри вилоятии лӯхтаки «Афсона»-и шаҳри Бохтар намоишномаҳои «Гаҳвораҷунбонак ва мор», «Хари зирак», «Алиҷон ва Хирс» ва «Қуллаи умед»-ро рӯи саҳна оварданд, ки пурра мавзӯъҳои тарбиявиро дар бар мегиранд.


Итминони комил дорам, ки дар мавсими нави театрӣ кулли ҳунармандону пайвандони ин боргоҳ рӯҳу илҳоми тоза гирифта, ба офаридани асарҳои наву тозаи талқингари фарҳангу ҳунари баланди миллӣ ва тарғибгари худшиносиву худогоҳӣ ҳаракат мекунанд.


Рӯзи театри тоҷик ба тамоми ҳунармандон ва мухлисони ин санъати миллӣ муборак бошад!

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода