Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Фарзанди далери Ватан


Фарзанди далери Ватан



Фарзанди диёри Ховалинг Шуҳрат Наҷмиддинов - майори милитсия, муовини сардори шуъбаи корҳои дохилӣ дар Ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара рӯзи 15-уми сентябри соли 2022 дар муноқишаҳои сарҳадӣ аз тири душманони давлату миллати тоҷик аз дунё даргузашт.

Ҷасади шаҳиди гулгункафан Шуҳрати ҷаҳоннодидаю ба мақсаду маромаш норасида соати 4-и шаби 18- уми сентябри соли 2022 ба зодгоҳаш, ба хонаи падару модар оварда шуд.

Гӯё он шаб дар Ховалинг касе хоб накарда, ки бо овардани ҷасади ин фарзанди шуҷоъ ва ҳомии Ватан дар як лаҳза дар роҳу ҳавлии акаи Ҷамшед аз бисёрии одам ҷой намонд.

Гарчанде “мурдани падару модар меросу мурдани фарзанд тири алмос аст”, онҳо барои марги фарзанд ғам мехӯрданд, дар баробари ин, модар дар ҷавоб ба ҳамдардии дӯстону ҳамсоягон мегуфт: “Писари ман худ дар ҳаёт роҳи зиндагиашро интихоб намуд. Ҳифзи тартибот ва ҳифзи Ватан ва дар ҳамин роҳ ҷон бохт. Ҳифзи марзу буми Ватан вазифаи ҷонии ҳар яки мост. Зеро Ватани моро ба ғайр аз худи мо каси дигар посбонӣ намекунад”.

Барҳақ чунин аст. Модар - апаи Момогул дар марги писар зор-зор гиря карда мегуфт:

-Писари дар ҳифзи сарҳади Ватан бо сарбаландӣ ҷондодаам, писари ватандӯстам, писари номбардори падару модар ва ҳамдиёрону ҳамватанон. Бачам, ту чи қадар Ватанатро дӯст медоштӣ, ки васият намудӣ, то болои тобутатро бо Парчами Тоҷикистон оро диҳанд...

Шуҳрат пеш аз тир хӯрдан ба ҳамкору ҳамдиёраш Ҷаъфарзода Саймаҳмуд чунин васият мекунад: -Дар ин ҷанг мумкин ягон нафарамон тир хӯрда ҳалок шавем. Дар чунин сурат набояд мурдаи якдигарро партоем. Рафту ба ман ягон ҳодиса рух диҳад, дар болои тобутам Парчами Тоҷикистонро партоянд, то мардум бидонад, ки ман барои ҳифзи марзу буми Ватан сарбаландона ҷон додаам.

Дар ҳақиқат , падару модаро ни мо чун падару модари Шуҳрат - акаи Ҷам шеду апаи Момо гул бояд ифтихор до шта бо шанд, ки фарза ндо нашон Вата ни худ ва марз у буми онро ҳифз менамоя нд ва лозим шавад , барои он ҷо ни худро нисор мекунанд.

Модарони мо чун модари Шуҳрат – апаи Момогул аз чунин марги фарзанд, ки барои ҳифзу нигаҳдории Ватани худ шаҳид шудаанд, бояд ифтихор дошта бошанд.

Кору амали Шуҳрат аз хотираи халқ ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешавад ва номаш абадӣ шуҳратманд мемонад.

Саидҷалол Сатторзода,
узви Иттифоқи журналистони
Тоҷикистон

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода