Тарбияи фарзанд танҳо дар тани пӯшида ва шиками сери онҳо нест
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 22 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 795
Ҳамовозӣ ба матлаби “Адабиёти бачагонаро кӯдакон намехонанд?”, №51, аз 30 августи соли 2022
-Дар бобати мутолиаи китобҳои бачагона ман волидайнро масъул мешуморам чунки хонанда ҳамагӣ 4-5 соат дар мактаб таҳсил мекунаду бо омӯзгор вақт мегузаронад, боқимонда назди падару модари худ тарбия меёбад. Аз таҷрибаи кории худ огоҳам, ки охирҳои ҳар ҳафта рӯзномаи шогирдонамро тафтиш намуда, ба падару модарашон паём менависам, то аз раванди таҳсили фарзандашон огоҳ бошанд. Аммо рӯзи дигар мебинам, ки бархеи онҳо дар рӯзномаи кӯдакашон ҳатто имзо нагузоштаанд, масъалаи китобҳои бадеӣ хондани онҳо як тараф истад.
Вақте аз волидайн сабаби бетаваҷҷуҳии онҳоро нисбати таълими фарзандашон пурсон мешавам, онҳо мегӯянд, ки вақти холигӣ надоранд, рӯз то бегоҳ кор мекунанду ба назорати фарзанд вақт намемонад. Дуруст, ки волидон бояд ба фарзандонашон шароит фароҳам оранд, то онҳо танқисӣ накашанд, аммо таълиму тарбияи фарзанд танҳо тани пӯшидаву шиками сери онҳо нест, балки соҳибилм кардани онҳо вазифаи ҷонии волидайн мебошад.
Дар ин самт омӯзгор метавонад, ба шогирдаш дар бораи як нуқтаи аҷоиби як китоби бадеӣ нақл кунаду кӯдак барои мутолиаи он завқманд гардад ва онро дар хона бо кумаки падару модараш хонад. Ва боз ҳам таъкид кардиниам, ки фарзандро танҳо волидайн китобхон мекунанд.
Шодигул Сафарова ,
омӯзгори МТМУ №23-и ноҳияи
Кӯшониён
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00