Оғози мумфаршсозии 2 км роҳ дар Бохтар
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 30 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 994
Имрӯз, 30 август, дар маҳаллаи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо иштироки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва раиси шаҳри Бохтар Сиҷоуддин Саломзода корҳои мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ оғоз гардиданд.
Мумфаршкунии қариб ду километр роҳҳои кӯчаҳои ба номи Шарифамоҳи Кишвардухт, Фирдавсӣ, Камоли Хуҷандӣ, И. Куганов ва Исмоили Сомонӣ бо ибтикори оилаи соҳибкорони маҳаллӣ Соҳибовҳо амалӣ карда мешавад.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зимни суҳбат бо сокинони маҳалла аз иқдомҳои созандаву бунёдкоронаи оилаи Соҳибовҳо дар солҳои охир ёдовар гардида, роҳсозиву ободониро кори савоб бар нафъи мардум арзёбӣ намуданд.
- Мо аз саҳми соҳибкорону фарзандони баномуси вилоят, ки дар пайравӣ ба сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат роҳу пул, иншооти иҷтимоиву маишӣ месозанд ва дар хизмати ҳамдиёрон қарор медиҳанд, хушнуд ва сипосгузорем, - қайд карданд раиси вилоят. - Агар дар доираи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар вилоятамон беш аз 8200 иншооти таъиноташ гуногун сохта шуда бошад, беш аз 70%-и ин корҳо бо саҳми соҳибкорони ватанӣ анҷом ёфтаанд.
Зикр шуд, ки ба умури азнавсозии роҳҳои маҳаллаи "Хатлон" наздик ба 50 адад техника ва беш аз 80 нафар мутахассисону кормандон ҷалб гардидаанд.
Ҳамзамон, дар ин маҳалла ба дарозии қариб ду километр қубурҳои обгузар бозсозӣ ва қубурҳои пасоб насб карда мешаванд. Соҳибкори ташаббускор инчунин чароғонкунии кӯчаҳои маҳалларо низ ба масофаи ду километр ба нақша гирифтааст.
Сокинони маҳалларо дидани корҳои мумфаршсозию ободонӣ дилшод кард.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода бо ҷамъи ҳамроҳон ва пирони кор дар расми оғози мумфаршнамоӣ иштирок карда, ба бунёдкорон барору муваффақият хостанд.
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00