Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Қурбон Ҳакимзода: "ЧИН ШАРИКИ ИҚТИСОДӢ ВА ҲАМСОЯИ НЕКИ МОСТ"


Қурбон Ҳакимзода: "ЧИН ШАРИКИ ИҚТИСОДӢ ВА ҲАМСОЯИ НЕКИ МОСТ"




Дар ҳошияи Форуми байналмилалии иқтисодии “Кӯлоб-2022” мулоқоти раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо сафири сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тзи Шумин баргузор гардид.


Баррасии раванди татбиқи лоиҳаҳои муштараки тоҷикию чинӣ дар вилояти Хатлон ва дурнамои ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангӣ миёни вилояти Хатлон ва музофотҳои Чин дар меҳвари мулоқоти мазкур қарор дошт.


Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зикр намуд, ки миёни Ҷумҳурии Тоҷикистону Ҷумҳурии мардумии Чин аз қадим муносибатҳои анъанавии дӯстона роҳандозӣ шуда, он ҳанӯз аз замони Роҳи бузурги абрешим сарчашма мегирад.


- Бо дарназардошти он ки Тоҷикистон Чинро ҳампаймони боэътимод, шарики иқтисодӣ, дӯст ва ҳамсояи неки худ меҳисобад, мо мекӯшем, ки дар доираи созишномаҳои аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Ҷумҳурии Халқии Чин ҷаноби Сӣ Ҷин Пин имзошуда ҳамкориҳои иқтисодию иҷтимоиро вусъат бахшем, - қайд кард Қурбон Ҳакимзода. – Дар натиҷаи равобити хуби ҷонибҳо тайи солҳои охир ҳайатҳои ҳар ду кишвар ба минтақаҳои ҳамдигар сафарҳои корӣ анҷом доданд, бо мақомоти давлатӣ ва доираҳои тиҷоратӣ перомуни рушди ҳамкориҳо табодули назар ва таҷриба сурат гирифт.


Қурбон Ҳакимзода афзуд, ки вилояти Хатлон бо минтақаҳо ва ширкатҳои мухталифи Чин ҳамкории самараоварро ба роҳ мондааст. Бо ҷалби сармояи чинӣ дар ноҳияи Ёвон ду корхонаи истеҳсоли сементи  «Хуаксин Ғаюр семент» ва «Ҷунгтай Моҳир семент» бо иқтидори истеҳсолии 1,2 миллион тонна фаъолият мекунад. Инчунин дар ҳамкорӣ бо сармоягузорони чинӣ хати интиқоли барқи «Лолазор» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки барои транзити неруи барқи Тоҷикистон ба мамлакатҳои дигар муҳим аст.


Аз ҷониби ширкатҳои чинӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ва ҳудуди ноҳияи Данғара низ корхонаҳои истеҳсолию саноатӣ бунёд гардиданд. Ширкатҳои кишоварзии Чин имрӯзҳо дар ҳамкорӣ бо мутахассисони хатлонӣ дар ноҳияҳои Ёвон, Данғара, Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Дӯстӣ фаъолияти пурсамар дошта, саҳми худро дар таъмини амнияти озуқавории вилоят гузошта истодаанд.


Дар натиҷаи густариши равобити вилояти Хатлон бо минтақаҳои Ҷумҳурии Халқии Чин сол аз сол ҳаҷми мубодилаи молу маҳсулот афзоиш меёбад. 34,2%-и сармояи хориҷии ба вилояти Хатлон воридгардида ба Чин рост меояд.


Сафири Чин дар Тоҷикистон ҷаноби Тзи Шумин аз сатҳи баланди ташкили Форуми байналмилалии иқтисодӣ дар Кӯлоб ситоиш кард ва онро майдони мусоиди табдили таҷрибаи соҳибкорон, муаррифии тавонмандиҳои Хатлонзамин ҳисобид. 


Сафири Чин доир ба раванди иҷрои лоиҳаҳои муштарак сухан гуфта, афзуд, ки кишвараш на фақат ба тавсеаи равобити анъанавӣ, ҳамчунин ба баррасии мавзуъҳои нави ҳамкорӣ дар самтҳои иқтисодиёти рақамӣ, технологияҳои муосири истеҳсолӣ, ташкили таҷрибаомӯзии мутахассисони корхонаҳои саноатӣ ва саноати кӯҳкорӣ низ алоқаманд аст.


Қобили зикр аст, ки миёни вилояти Хатлон ва музофоти Шэнсии Чин Протокол «Дар бораи нияти рушди муносибатҳои бародарона» (соли 2015) ва Меморандум дар бораи барқарорсозии муносибатҳои бародарона (4 сентябри соли 2017) ба имзо расидааст. Шаҳри Вэйнани музофоти Шэнсӣ ва ноҳияи Данғараи Тоҷикистон бародаршаҳр мебошанд.


Чин калонтарин сармоягузор ва калонтарин шарики тиҷоратии Точикистон ба шумор меравад. Робитаҳои Тоҷикистону Чин дар соҳаи иқтисод дар ҳамсоягии якдигар ҷойгир будани кишварҳо, инчунин дар мавҷуд будани потенсиали муайяни захираҳои табиӣ ва транзитӣ асос меёбад.


Дар идомаи мулоқот раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ва сафири Чин дар Тоҷикистон Тзи Шумин доир ба масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкориҳо дар соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла боғпарварӣ, ташкили маркази таҷрибаомӯзӣ, баланд бардоштани дараҷаи тахассусии кормандони соҳаи хоҷагии қишлоқ ва ҳамчунин ба роҳ мондани муносибатҳои дуҷонибаи судманд байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва музофотҳои Ҷумҳурии мардумии Чин табодули назар карданд.


http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода