Кӯшониён. Ҷамъоварии пахта оғоз шуд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 25 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Дигар матолиб / Хабари рӯз / Арсаи кишоварзӣ / Хабарҳо, Боздид 819
Пахтакорӣ яке аз самтҳои асосии соҳаи кишоварзии мамлакат ба ҳисоб меравад ва қисми зиёди ин ашёи хомро дар кишвар пахтакорони вилояти Хатлон истеҳсол менамоянд.
Айни замон дар аксари шаҳру навоҳии вилоят маъракаи ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардида, барои сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ кардани дастранҷи деҳқонон, аз ҳама имконоти мавҷуда самаранок истифода бурда мешавад.
Соли равон кишоварзони ноҳияи Кӯшониён дар майдони 11 ҳазору 320 гектар 7 навъи тухмиҳои серҳосили пунбадонаро кишт намуданд, ки дар аксари хоҷагиҳо аллакай ба ҷамъоварии ҳосил шуруъ шудааст. Аҳли заҳмати ноҳия дар натиҷаи коркарди дурусту саривақтии агротехникаи парвариш тавонистанд, нашъунамои майдонҳои пахтаро беҳтар намуда, ҳосилнокиро фаровон созанд. Тибқи дурнамо ин мавсим кишоварзон ният доранд, ки 26 ҳазору 535 тонна ҳосил ҷамъоварӣ намоянд.
Тибқи иттилои Раёсати кишоварзии ноҳия, бо гарм омадани боду ҳавои имсола, ба сабзишу нашъунамои ниҳолони пахта таъсири мусбӣ расонид ва умед меравад, ки деҳқонон аз иҷрои дурнамои пешбинигардида бо сарбаландӣ мебароянд.
Кишоварзони ноҳияи Кӯшониён тӯли чанд соли охир дар ҳамкорӣ бо олимону мутахассисони соҳа аз навъҳои «Австралӣ», «Флеш», «Хатлон – 2014», «Бухоро» истифода бурда, дар натиҷаи риояи дурусти қоидаҳои парвариш ҳосили дилхоҳи пахтаро ба даст меоранд.
Саҳмдорони ҶДДМ «Муҳаммадҷон»-и Ҷамоати деҳоти «Заргар», ки самти асосии фаъолияташ пахтакорӣ мебошад, саҳмдоронаш бо назардошти беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳои бекорхобида, майдони кишти пунбадонаро ҳамасола зиёд менамоянд.
Айни замон дар пахтазори ноҳияи Кӯшониён садҳо нафар сокинон ба ҷамъоварии пахта баромада, ин маъракаи натиҷабахшро рӯз то рӯз вусъати тоза бахшида истодаанд.
Масъулин бошанд, дар ҳамкорӣ бо хоҷагидорон ҷиҳати беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосил, дар саҳро барои ҳавасмандии чинакчиён шароитҳои мусоид фароҳам месозанд.
Худойдоди Раҷаб,
махсус барои рӯзномаи «Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00