Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Истиқболи ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ


Истиқболи ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ



Рӯзи 22 августи соли ҷорӣ дар майдони Парчами давлатӣ дар шаҳри Бохтар маросими пешвози Суннатулло Наврӯзов – ғолиби Чемпионати байналмилалӣ аз рӯйи намуди варзиши омехта доир гардид.

Варзишгари ҷавонро Сиҷоуддин Саломзода, раиси шаҳри Бохтар, Қурбон Қурбонзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон ва дигар шахсони масъул бо гулу гулдаста ва садои карнаю сурнай истиқбол гирифтанд. Дар маросими пешвозгирӣ С. Саломзода суханронӣ намуда, Суннатуллоро барои ғолибият ба даст оварданаш таҳният гуфт. Ҳамчунин, ба падари варзишгар ба хотири тарбияи нек ва дар фароҳам овардани шароити хуби тамрин сипоснома ва ба худи Суннатулло мукофоти пулӣ супорида шуд.

Гуфтан ба маврид аст, ки Суннатулло Наврӯзов дастпарвари муассисаи давлатии “Мактаби маҳорати олии варзишӣ”-и вилояти Хатлон буда, дар Чемпионати ҷаҳон, ки дар шаҳри Абу-Дабии Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор шуд, аз рӯи муҳорибаҳои омехта соҳиби ҷойи аввал гардид. Ӯ бо се рақиби худ муҳориба намуда, ба финал баромад ва дар сабқати ниҳоӣ рақиби навбатии худро, ки аз Ҷумҳурии Украина буд, шикаст дод. Бо ҳамин, Суннатулло сазовори медали тилло гардида, Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошт.

Ҷасури ҚИЁМИДДИН,
Набиҷони САИ ДАБРОР, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода