Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Чемпиони ҷаҳон ба Хуросон омад


Чемпиони ҷаҳон ба Хуросон омад



Нуралӣ Эмомалиро, ки дар чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштии ҷудо ҷойи аввал ва унвони Қаҳрамони ҷаҳонро гирифта буд, дар зодгоҳаш ноҳияи Хуросон ботантана пешвоз гирифтанд.


Сокинони ноҳияи Хуросон бо мақсади истиқбол аз Қаҳрамони ҷаҳон оид аз гӯштини ҷудо миёни ҷавонон дар майдони Парчам ва Нишони давлатии ноҳия ҷамъ омаданд.

Эмомалиро раиси ноҳия ва сокинон бо гулу гулдаста, шеъру тарона ва карнаю сурнай пешвоз гирифтанд. Дар ин маросим раиси ноҳия Илҳом Аҳмадзода, ба сухан баромада, ин дастоварди варзиширо ба тамоми мардуми ноҳия ва ҷумҳурӣ шодбош гуфт.

Инчунин, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон ба Нуралӣ Эмомалӣ як миқдор маблағ ҳамчун туҳфа тақдим карда шуд.

Нуралӣ Эмомалӣ дастпарвари Клуби варзишии “Парвиз Собиров”-и шаҳри Душанбе мебошад. Ӯро Мураббии шоистаи Тоҷикистон Фаррух Собиров тарбия намуда, барои иштирок дар ин чемпионати ҷаҳон дастгирӣ намудааст.

Ёдовар мешавем, ки ин чемпионат аз 10 то 13 август дар шаҳри Гуанкили Эквадор баргузор шуд ва ҷудокори 20-солаи тоҷик дар рӯзи аввали мусобиқа рақибонашро шикаст дода, чемпиони ҷаҳон ва соҳиби нишони тилло гардид.

Н. Саидаброр,
“Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода