Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Сафари кории Қурбон Ҳакимзода ба ноҳияи Фархор


Сафари кории Қурбон Ҳакимзода ба ноҳияи Фархор



Бо мақсади шиносоӣ аз рафти корҳои сохтмонӣ, созандагиву бунёдкорӣ дар иншооти сохташаванда бахшида ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба ноҳияи Фархор ташриф оварданд.

Зимни сафари корӣ раиси вилоят нахуст аз рафти корҳои сохтмонии корхонаи коркарди пахта ва корхонаи равғанбарорӣ, ки дар деҳаи Арчаи Ҷамоати деҳоти “Деҳқонобод”, аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Ҷамшед Сафаров бунёд шуда истодааст, шиносоӣ пайдо карданд. Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи мазкур то охири соли равон ба истифода дода шуда, дар он сехҳои банду басти пахта, собунбарорӣ, равғанбарорӣ, пахтаи кӯрпабоб ва арракунӣ сохта мешаванд. Баъди бунёди корхонаи мазкур 20 нафар шаҳрвандон ба ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.

Қурбон Ҳакимзода дар ҷараёни сафари корӣ аз рафти корҳои сохтмонии 10 синфхонаи иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28 барои 320 хонанда, воқеъ дар деҳаи Бобосафоли Ҷамоати деҳоти “Гулшан”, аз рафти корҳои сохтмонии муассисаи таҳсилоти ибтидоии №66 барои 480 хонанда, воқеъ дар деҳаи Уртабузи Ҷамоати деҳоти “Фархор” ва аз рафти корҳои сохтмонии бинои маркази ташхисӣ, воқеъ дар кӯчаи И. Сомонии шаҳраки Фархор, ки аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Масъуд Умаров бунёд шуда истодааст, дидан намуданд.

Дар идомаи сафари корӣ раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода аз рафти корҳои сохтмонии сехи макаронбарорӣ ва коғази ташноб, инчунин сохтмони сехи дӯзандагӣ, нуқтаҳои савдову хизматрасонӣ, воқеъ дар кӯчаи ба номи М.Турсунзодаи шаҳраки Фархор, дидан намуданд. Ба раиси вилоят иттилоъ доданд, ки сехи  макаронбарорӣ аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Қурбонхӯҷа Маҳмудов ва сехи дӯзандагӣ, нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ аз тарафи ҶДММ “Нассоҷии Хуҷанд” бунёд шуда, дар давоми соли 2022 ба истифода супорида мешаванд.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҳамчунин, аз корҳои сохтмонии бинои шуъбаи милитсия ва сохтмони бинои таваллудхона, воқеъ дар деҳаи Ориёни Ҷамоати деҳоти “Фарор” шиносоӣ пайдо карданд. Тибқи маълумот бинои шуъбаи милитсия бо фармоиши Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида истодааст. Бинои таваллудхона аз 5-ошёна иборат буда, аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ сохта ба истифода супорида мешавад.

Зимни сафари корӣ раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода аз истифодаи самаранок ва мақсадноки қитъаи замини наздиҳавлигии оилаи Азаматовҳо дидан намуданд. Оилаи мазкур айни ҳол зиёда аз 500 қуттии консервашуда аз маҳсулоти гуногуни сабзавоту меваҷот, зиёда аз 1 тонна гандум ва дигар лӯбиёдонагиҳо аз қитъаи наздиҳавлигӣ барои зимистонгузаронӣ захира намудаанд.

Дар анҷоми сафари корӣ раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба роҳбарон ва масъулони бунёди иншооти сохташаванда баҳри дар сатҳи баланди меъморию шаҳрсозӣ мавриди истифода қарор додани иншоотҳои мазкур супоришҳои мушаххас доданд.

Ф. Давлат, “ Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода