Кӯлоб. Боздиди раиси вилоят аз мавзеъҳои сохтмонӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 25 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 599
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо мақсади шиносоӣ аз рафти корҳои сохтмонии иншоотҳое, ки бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд, ба шаҳри Кӯлоб ташриф оварданд.
Нахуст, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аз рафти корҳои сохтмонии даромадгоҳи шаҳр боздид ба амал овард. Зимни боздид, ба раиси вилоят иттилоъ шуд, ки айни ҳол дар иншоот корҳои оҳану бетонрезӣ, хиштчинӣ, чидани сафолакҳо ва кабудизоркунӣ бомаром идома доранд.
Дар идомаи сафар, раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ва раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода барои бунёди бинои маъмурии Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон санги асос гузоштанд.
Тавре иттилоъ дода шуд, фармоишгари сохтмони мазкур Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, лоиҳакаш ҶДММ «Аркон» ва пудратчӣ ҶДММ «Дилафрӯз» мебошад. Тибқи лоиҳа, бино аз 5 ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Дар назар аст, ки иншооти мазкур моҳи сентябри соли 2023 ба истифода супорида мешавад. Баъди ба истифодадиҳӣ дар бинои мазкур Раёсати минтақавӣ ва ҳам Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Кӯлоб фаъолият хоҳанд кард. Ҳамчунин, дар ин рӯз, аз тарафи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раёсати минтақавии ин ниҳод як мошини сабукрави хизматӣ туҳфа карда шуд.
Зимни сафари корӣ раиси вилояти Хатлон ба Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” ташриф оварда, аз корхонаи хурди мурғпарварӣ, ки онро соҳибкори ватанӣ Бахтиёр Насриддинов бунёд кардааст, шиносоӣ пайдо намуданд. Гуфта шуд, ки айни ҳол дар коргоҳ 3 ҳазор сар мурғи гӯштӣ парвариш ёфта истодааст ва дар оянда онро ба 15 ҳазор мерасонанд.
Раиси вилоят зимни шиносоӣ бо соҳибкорон суҳбат намуда, ба онҳо оид ба иҷрои саривақтии корҳо, назорати қатъии сифат ва истифодаи масолеҳи баландсифат, ҷалби сармоягузорони дохиливу хориҷӣ, бо сифати баланд истеҳсол намудани маҳсулот ва ҷалб кардани аҳолӣ ба ҷойи кори доимӣ дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
Тибқи хабари шуъбаи иттилоотиву таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят, дар идомаи сафар Қурбон Ҳакимзода аз рафти корҳои таъмир ва рангуборкунии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №3 ва №6, ки дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд, боздид намуданд. Зимни шиносоӣ раиси вилоят ба масъулин дастур доданд, ки корҳои сохтмонӣ бо сифати баланд ба анҷом расонида шавад. Ҳамзамон, зимни сафари корӣ раиси вилоят аз корҳои сохтмонии муҷассамаи “Дуои модар”, ки дар шаҳр мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад, шинос шуданд.
Ҳамчунин, раиси вилоят аз рафти корҳои сохтмонии корхонаи мурғпарварӣ, ки аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Исмоил Исмоилов дар деҳаи Хонаободи Ҷамоати деҳоти “Даҳана” бунёд шуда истодааст, шиносоӣ пайдо карданд. Ба раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки дар корхонаи мазкур бунёди 7 бино барои парвариши мурғ дар назар дошта, айни ҳол 3 бинои он бунёд шудааст. Баъди пурра бунёд гардидани он то 60 ҳазор сар мурғ парвариш карда мешавад.
Дар анҷоми сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба роҳбарон ва масъулон барои дар сатҳу сифати баланд ва дар муҳлати муайян анҷом додани корҳои сохтмонӣ супоришу тавсияҳои мушаххас доданд.
Фаромӯз БОБОЕВ, “Хатлон”
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...