Қ. ҲАКИМЗОДА. “ТАБИБОН БОЯД БО ДАСТУ ДИЛИ ПОК ВАЗИФАИ ХУДРО СОДИҚОНА ИҶРО НАМОЯНД”
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 17 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Тандурусти ва экология / Хабарҳо, Боздид 1 151
Имрӯз, 17 августи соли равон дар Қасри фарҳанг ва маркази иттилоотии шаҳри Бохтар чорабинии идона бахшида ба Рӯзи кормандони тиб бо иштироки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода баргузор гардид.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода табибонро ба муносибати рӯзи касбиашон табрик намуда, аз дастоварду комёбиҳои онҳо ёдовар гардид ва бо қаноатмандӣ зикр кард: “Табибон нафароне мебошанд, ки инсоният ҳамеша ба онҳо ниёз дорад. Аз ин ҷост, ки шаҳрвандон ба табибон ҳамчун наҷотбахшандагони ҷони хеш бо ихлос ва боварии том ва умедворона муроҷиат менамоянд".
- Мо - ҳамагон, дар мубориза ба бемории COVID-19 аз ҷасорату сарсупурдагии Шумо, табибони ҳозиқ ва пайравони воқеии Синои бузург ва ба савганди Ҳипократи ҳаким содиқ ифтихорманд ва сарбаландем, - таъкид намуд раиси вилоят. - Ин давра барои тамоми кормандони соҳаи тиб, аз ҷумла табибон ва ҳамшираҳои шафқати муассисаҳои тандурустии вилоят дар ҳақиқат давраи дар амал татбиқ намудани донишу таҷриба ва исботи касбият, давраи бениҳоят вазнини мубориза на танҳо барои ҳаёти дигарон, балки талошҳо барои ҳаёти худ ва дар чунин айёми мушкил дар хизмати миллати худ будан гардид ва аз ҳама муҳим давраи баланд бардоштани мақому мавқеи табибон дар ҷомеа ба шумор меравад.
Раиси вилоят афзуд, ки дар партави таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат ба вилояти Хатлон, бахусус, соҳаи тандурустии он, баҳри ҳавасмандсозӣ ва дастгирии кормандони соҳаи тиб мо як қатор озмунҳо, аз ҷумла Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон – “Вориси Сино”, озмуни вилоятии «Беҳтарин муассисаи тиббии сол», «Беҳтарин табиби сол», «Беҳтарин корманди миёнаи тиббии сол» ва «Беҳтарин дастоварди соҳаи тиб дар вилоят», ки барои ҳар як номинатсия 5000 сомонӣ, ҳамчунин дар самти тадқиқотҳои соҳавӣ низ қадршиносӣ барои ҳимояи рисолаи докторӣ ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ ва номзади илм ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ муқаррар гардида, ҳамасола ғолибон дар вазъияти тантанавӣ ба ин ҷоизаву дастгириҳо сарфароз гардонида мешаванд. дастгириҳо сарфароз гардонида мешаванд. сарфароз гардонида мешаванд.
Дар идома раиси вилояти Хатлон Қ. Ҳакимзода изҳор доштанд, ки табибони вилояти Хатлон, ҳамчун ворисони арзандаи Сино бо истифода аз мероси гаронбаҳои ин шахсияти барҷастаи тибби ҷаҳонӣ фаъолияти худро ба таври густурда роҳандозӣ намуда, бо дарки масъулияти баланди касбӣ, инсондӯстию ватанпарастӣ, барои ҳарчӣ беҳтар гардидани тансиҳатию некуаҳволии мардум саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Дар чорабинии мазкур як қатор кормандони тибби вилоят бо мақсади ҳавасмандгардонӣ, саҳми арзанда гузоштан дар рушди соҳа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ бахшида ба Рӯзи табибон бо Ифтихорнома, Сипоснома ва туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуданд. Ҳамчунин, Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон – “Вориси Сино” ба ғолибон супорида шуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ, аз тарафи санъаткорони Раёсати фарҳанги вилоят барномаи консертӣ пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд.
Фаромӯз Бобоев,
“Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00