Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » РАИСИ ВИЛОЯТ: "АЗ НОМИ "ХАТЛОН" БАРОМАД НАМУДАН ШАРАФ АСТ"


РАИСИ ВИЛОЯТ: "АЗ НОМИ "ХАТЛОН" БАРОМАД НАМУДАН ШАРАФ АСТ"




Шоми имрӯз, 7 август, дар варзишгоҳи "Пахтакор"-и шаҳри Бохтар даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон бо иштироки дастаҳои "Хатлон" ва "Истаравшан" баргузор гардид.

Бояд гуфт, ки дар ин бозӣ раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода иштирок намуда, дастаи "Хатлон"-ро мухлисӣ карданд.

Қисми аввали бозӣ бе задани гол пушти сар шуд. Дар нимаи дуюми қувваозмоӣ футболбозони дастаи "Хатлон" Тоҳирҷон Тағойзода ва Равшан Азизов ба дарвозаи рақибон гол заданд. Ҳисоби ниҳоӣ 2:0 ба фоидаи соҳибони майдон.



Баъди анҷоми бозӣ раиси вилоят бо ғолибон вохӯрӣ доир намуда, роҳхат ба даври 1/4-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистонро барояшон табрик гуфтанд. Ҳамзамон, Қурбон Ҳакимзода ҳайати дастаи "Хатлон"-ро бо мукофотпулӣ ҳавасманд намуда, қайд доштанд, ки минбаъд низ даста ва умуман, футболи Хатлон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дастгирӣ хоҳад ёфт.



Дар фарҷоми вохӯрӣ сармураббии дастаи "Хатлон" Аслиддин Ҳабибуллоев аз номи ҳайати даста ба раиси вилоят муҳтарам Қурбон Ҳакимзода изҳори миннатдорӣ намуда, ваъда дод, ки минбаъд низ ҳама талошашонро баҳри муаррифии шоистаи футболи вилоят дар сатҳи ҷумҳурӣ ва минтақа равона мекунанд.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода