Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Вахш. 11 лоиҳаи сармоягузорӣ амалӣ мешавад


Вахш. 11 лоиҳаи сармоягузорӣ амалӣ мешавад



Журналистика набояд ба давлатию ғайридавлатӣ ҷудо шавад, балки чун пуле миёни мардум ва ҳукумат барои беҳсозии ҳаёти иҷтимоӣ хизмат кунад.

Бо ироаи сухане ба ҳамин мазмун нишасти матбуотии раиси ноҳияи Вахш Қурбоналӣ Юсупов оғоз гардид.

Қайд шуд, ки дар нимаи якуми соли ҷорӣ аз ноҳияи Вахш 4309 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар содирот шудааст.

Айни ҳол дар ноҳияи Вахш 11 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардида, дар ин иртибот ба қадри 16,6 миллион доллари амрикоӣ масраф шудааст. 

Раиси ноҳия афзуд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаш моҳи сипаригашта ба 98 миллиону 749,9 ҳазор сомонӣ расидааст. Ин нишондиҳанда назар ба нимаи якуми соли гузашта 25 миллиону 140,3 ҳазор сомонӣ бештар аст. 

Дар доираи дастгириҳои давлатӣ аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Бароталӣ Юсуфзода корхонаи нассоҷӣ бо арзиши умумии беш аз 10 миллион сомонӣ, коллеҷи аграрӣ ба маблағи 48 миллиону 912 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ, мактаб-интернат ва мактаби деҳаи Иттифоқи Ҷамоати деҳоти “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” аз ҳисоби ташкилоти ҷамъиятии “Эҳёи Сомон” мутаносибан ба маблағи 8 миллион сомонӣ ва 800 ҳазор сомонӣ сармоягузорӣ шуда истодааст.

Дар баробари ин, дар нимаи якуми сол дар ноҳия ду муассисаи таълимӣ бо 400 ҷойи нишаст бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ҳамзамон, дар назди 6 муассисаи таълимӣ сохт-мони 42 синфхонаи иловагӣ бо 1050 ҷойи нишаст дар як баст идома дорад.

Дар доираи омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Вахш 5 иншоот бо таъсиси 25 ҷойи корӣ бунёд гардид ва сохтмони боз 48 иншооти гуногунтаъин феълан идома дорад.

Ҳ. ИСМАТ, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода