Ш. Шоҳин. Роҳҳо обод мегарданд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 06 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 828
Дар нишасти матбуотӣ Зафар Гулзода, раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, гуфт, ки азнавсозии роҳи байналмилалии Кӯлоб-Қалъаихумб, қитъаи Шӯрообод-Шоҳон ва Шамсиддин Шоҳин-Кӯлоб аз он иқдомҳои ободкоронаи Сарвари давлат дар роҳи расидан ба яке аз ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат - аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар ба ҳисоб меравад.
Дар нимсолаи аввали соли 2022 иҷрои нақшаи андоз (бе назардошти андози иҷтимоӣ) дар ноҳия ба андозаи 150 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 9 миллиону 68 ҳазору 464 сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақшаи тасдиқгардида 3 миллиону 19 ҳазору 824 сомонӣ зиёд мебошад.
- Нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ дар ин давра ба маблағи 27 миллиону 929 ҳазору 998 сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷрои он ба маблағи 26 миллиону 251 ҳазору 913 сомонӣ таъмин карда шуд.
Бақияи қарзи андозҳо нисбат ба аввали сол ба маблағи 118 ҳазору 19 сомонӣ кам гардида, ба 2652881 сомонӣ баробар мебошад.
Зафар Гулзода, раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, қайд кард, ки дар 4 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ: «Тиҷоратикунонии соҳаи кишоварзӣ», «Сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб - Шамсиддин Шоҳин» маблағи азхудшуда 15 миллион доллар, лоиҳаи «Хизматрасонии маҷмӯӣ барои модару кӯдак» маблағи азхудшуда 0,25 ҳазор доллар ва лоиҳаи «Фавқулода бар зидди бемории COVID-19» маблағи азхудшуда 75 ҳазор доллар, амалӣ гашта истодааст.
Ҷ. Рустамшоҳ, “Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...