Хуросон. Содироти 2026 тонна маҳсулоти кишоварзӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 06 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 830
- Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ноҳияи Хуросон нисбат ба соли гузашта 108 миллиону 35 ҳазор сомонӣ зиёд гардид, - гуфт Илҳом Аҳмадзода, раиси ноҳияи Хуросон, зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон.
- Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳия ба 110,4% расид, ки нисбат ба соли гузашта 25 миллиону 176 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Содироти маҳсулоти кишоварзӣ 2026 тонна иҷро шудааст.
Дар шашмоҳаи аввали соли равон 5 коргоҳи нави саноатӣ бо таъсиси 30 ҷойи корӣ ташкил гардидааст.
Дар идомаи нишаст ба рӯзноманигорон гуфта шуд, ки дар шашмоҳаи соли 2022 сохтмони биноҳои иловагӣ дар назди се муассисаи таълимӣ ба анҷом расонида шуд, аз ҷумла 8 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таълимии №51 дар ду баст барои 360 нафар хонанда, 8 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таълимии №21 дар ду баст барои 240 нафар хонанда, 6 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таълимии №17 дар ду баст барои 140 нафар хонанда. Ҳамзамон корҳои азнавсозӣ ва сохтмони асосӣ дар 8 муассисаи таълимӣ идома дошта, барои 100 нафар кӯдак дар маркази ноҳия сохтмони кӯдакистон оғоз мегардад.
Бо мақсади дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия 204 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин ҳисоб 20 иншоот дар шаш моҳи аввали соли 2022 мавриди истифода қарор дода шудаанд.
Комрони БАХТИЁР, “Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...