Б. Файзиддинзода: “Маданияти шаҳрнишиниро риоя мебояд”
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 06 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 997
Чандест, ки дар шаҳри Левакант аз назди биноҳои баландошёна танӯрҳои нонпазӣ бардошта шудаанд. Сокинон мегӯянд, ки қисме аз онҳо, акнун дар тафдон нон мепазанд ва қисми дигар онро аз бозор мехаранд, ки ин барояшон ноқулай аст. Ин масъаларо дар нишасти хабарӣ аз раиси шаҳри Левакант Бунафша Файзиддинзода пурсон шудем.
- Аз рӯзҳои аввали фаъолият дар шаҳри Левакант ба масъалаи тартиботи ҷамъиятӣ ва маданияти шаҳрдорӣ диққати бештар зоҳир намудам. Мутаассифона, дар давоми солҳои охир дар назди биноҳои баландошёна ҳар сокине, ки хостааст, барои худ танӯр сохтааст, - гуфт раиси шаҳр.
Ба қавли Б. Файзиддинзода, дар назди як бинои истиқоматӣ то 15-16 танӯр мавҷуд будааст. – Ба сохторҳои дахлдор дастур додем, ки бо сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда, заминҳои худсарона азхудшударо барқарор намоянд. Инчунин, сармеъмори шаҳр муваззаф гардидааст, ки лоиҳаи намунавии танӯрҳоро пешниҳод намуда, мувофиқи он дар назди ҳар як бинои баландошёна дар ҷойи махсус танӯр сохта шавад, то ҳусни шаҳр коста нагардад,- илова кард ӯ.
Д. ИБОДУЛЛ ОЗОДА, “Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00