С. Саломзода: “Шаҳр имкон надорад, ки ”Бибихонум”-ро барқарор кунад”
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 06 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Дигар матолиб / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 546
Раиси шаҳри Бохтар, С. Саломзода дар нишасти хабарӣ ба журналистон иттилоъ дод, ки нақшаи буҷети шаҳр аз рӯйи контингенти умумӣ 101% иҷро гардидааст. То ба имрӯз 103,5 миллион сомонӣ ба буҷети шаҳр ворид гардидааст, ки нисбати нақшаи тасдиқгардида 696,5 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
-Нақшаи воридоти андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ дар шаҳри Бохтар 101 фисад иҷро шудааст. Ба буҷети шаҳр аз ин ҳисоб 83,1 миллион сомонӣ ворид шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 9,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад, - иттилоъ дод Сиҷоуддин Саломзода, раиси шаҳри Бохтар.
Аз ҳисоботи С. Саломзода маълум шуд, ки варзишгарони шаҳр дар шаш моҳи сипаришуда дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ бо 115 медал сарфароз гардиданд. Аз ин 50 медали тилло, 37 медали нуқра ва 28-тои дигараш биринҷиро ташкил медиҳад, вале, мутаассифона, дар ин давра ягон толору майдончаи варзишӣ сохта нашудааст.
Дар нишасти хабарӣ ба раиси шаҳр аз ҷониби рӯзноманигорон суолҳо пешниҳод шуданд. Масалан, дар бораи барқарор кардану аз ҳолати садамавӣ баровардани ягона ҷойи таърихии шаҳр - қалъаи ”Бибихонум”. Раиси шаҳр дар ҷавоб ба ин саволи рӯзноманигорон гуфт: «Шаҳри Бохтар айни ҳол имкони барқарор кардани ин мавзеъро надорад. Ман ваъда намедиҳаму кӯшиш мекунам, ки сармоягузорони хориҷиро ҷалб намуда, ин мавзеи таърихиро ба ҳолати аввалааш баргардонем»,- гуфт Сиҷоуддин Саломзода.
Дар ҳоле, ки мақомоти шаҳр барои азнавсозии мавзее, ки ягона ҷойи муаррификунандаи шаҳри Бохтар маҳсуб меёбад, ноилоҷӣ мекунад, пас, умед аз сармоягузорони хориҷӣ доштан мумкин аст?
Ҳамчунин, доир ба набудани ҳавзи шиноварӣ дар маркази вилоят рӯзноманигорон пурсон шуданд. С. Саломзода гуфт: «як соҳибкор ҳавзи шиноварӣ сохтааст, ки ба наздикӣ ба фаъолият шурӯъ мекунад».
Н. Саидаброр , “Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00