Савоб дар хайру эҳсон ва ободкорӣ аст
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 08 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 771
Бозгашти ҳоҷиён аз зиёрати Маккаву Мадина ба ватан барои аҳли хонавода ва хешу табор хурсандибахш аст. Ба ғайр аз таассуроти хуб аз ободиву пешравии Арабистони Саудӣ ба ватани азизи худТоҷикистон ҳоҷиён азм мекунанд, ки корҳои савобро бештар ба анҷом расонанд. Ибрати мусулмонони асил, ки ба ятимону дармондагон дасти хайру эҳсон дароз мекунанд, бетаъхир нест.
- Имсол 60 нафар шаҳрвандони ноҳияи Кӯшониён ба ҳаҷи фарзӣ рафта буданд, - мегӯяд мутахассиси пешбари бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар ноҳия Диловаршо Сафаров. - Инҳо аз зумраи шахсоне ҳастанд, ки соли 2020 бояд ба зиёрати Каъба мерафтанд. Аз сабаби бемории COVID-19 сафарашон ба таъхир афтод. Дар он сол 120 нафар номнавис шуда, пеш аз адои фарзи мусулмонӣ ба маблағи 180 ҳазор сомонӣ дар ободонии маркази ноҳия сарф намуданд. Чароғонкунии кӯчаҳои марказии ноҳия, насби Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шафати идораи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён маҳз бо хайрияи ҳоҷиён амалӣ шудааст.
- Аз 128 деҳаи ноҳия хоҳишмандони зиёде барои зиёрати Макка муроҷиат мекунанд. Дар давоми кушода шудани роҳи зоирон даҳҳо шаҳрвандони ноҳия тавассути ду ширкати сайёҳӣ ба ҳаҷи умра рафта, баргашта меоянд. Онҳо, асосан тоҷирон, соҳибкорон ва муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд, - илова намуд Д. Сафаров.
Тибқи маълумот шаҳрвандоне, ки ба ҳаҷи умра мераванд, ба қайд гирифта намешаванд. Ҳол он ки раисони ҷамоатҳо, кумитаҳои маҳалла бо ин гурӯҳи одамон бояд корбарӣ намоянд.
Дар байни мардум онҳо низ чун ҳоҷӣ эътироф мешаванд. Чаро онҳо барои корҳои ободониву кумак ба ниёзмандони кӯча, деҳа ва дар умум, ноҳияи худ саҳме намегузоранд? Эътиқоду имондорӣ ва хусусан рафтан ба ҳаҷ қоидаҳои худро дорад. Ба ҳалли мушкилоти аҳли оила, хешу табор ва ҳамсояву ҳамдеҳаҳо мусоидат кардан ҳам яке аз зинаҳои омодагӣ ба адои ҳаҷ маҳсуб меёбад. Ҳар як шаҳрванд аз рӯйи имондорӣ, меҳри ватандорӣ метавонад бо хайру эҳсони каме ҳам бошад, савобу эҳсонкориашро афзояд.
Дилором МАҲКАМОВА , «Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00