Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Раиси вилоят: «Озуқавориро дар ҳар як оила бештар захира кунем»


Раиси вилоят: «Озуқавориро дар ҳар як оила бештар захира кунем»



Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо иштироки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода маҷлиси машваратӣ доир гардид, ки дар он муовини якум, муовинони раиси вилоят, муовини роҳбари дастгоҳи раиси вилоят, мудирони шуъбаҳо ва бахшҳои дастгоҳи раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва минтақавӣ иштирок доштанд.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зикр намуданд, ки таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2022 ва вазифаҳо то охири соли 2022 ва дар бораи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2025 баррасӣ гардиданд.

Бо натиҷагирӣ ва таҳлили ҳамаҷонибаи вазъи иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2022 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки аз ҳисоботу гузоришҳои пешниҳодгардида бармеояд, ки дар нимсолаи якуми соли 2022, бо вуҷуди таъсири буҳронҳои иқтисодиву сиёсии ҷаҳони муосир, идома ёфтани низоъҳои минтақавӣ, таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, болоравии бесобиқаи нархи молу маҳсулот дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва пайомадҳои тағйирёбии иқлим, дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои саривақтии зиддибуҳронии аз ҷониби Ҳукумати кишвар андешидашуда рушди иқтисоди миллӣ, дар маҷмӯъ, дар сатҳи 7,4 фоиз таъмин гардида, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 46, 2 миллиард сомонӣ баробар шуд.

Баъди таҳлили вазъи иқтисодию иҷтимоии мамлакат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва таъмини пурраву самараноки нақшаҳои давлатӣ ба Ҳукумати мамлакат  ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, вазоратҳо ва ташкилоту муассисаҳои давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Раиси вилояти Хатлон ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин ва фаъолони вилоят оид ба таъмини иҷрои сифатнок ва пурраи қисми даромади буҷети соли 2022, ҷамъоварӣ ва пурра ба андозбандӣ фаро гирифтани тамоми манбаъҳои воқеии даромад, пешгирӣ намудани пайдоиши бақияпулиҳо ва коҳиш додани бақияпулиҳои мавҷуда, ҳифзи амнияти озуқаворӣ, бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ, оқилона истифода намудани ҳар як ваҷаб замин ва гирифтани се-чор ҳосил, афзоиш додани майдони кишти зироатҳои таъиноти ғизоӣ, хусусан, дар кишти такрорӣ, аз ҷумла дар заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ, ҷамъоварии беталафи ҳосил, таъмини муттасили бозори дохилӣ, содироти меваю сабзавот ва бунёди корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ тақвият бахшида, дар ҳар як оила захира намудани маводи озуқавориро барои давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022 – 2023 супоришҳои мушаххас доданд.



- Доир ба истифодаи самараноки обу замин, зиёд намудани майдони кишти зироатҳо, ташкили гармхонаҳои доимоамалкунанда ва анбору сардхонаҳо барои нигоҳдории маҳсулот, ба роҳ мондани парвариши тухмиҳои баландсифат ва ба иқлим тобовар, бунёду барқарорсозии боғу токзор, аз ҷумла боғҳои интенсивӣ ва дастгирии ҳаматарафаи хоҷагиҳои кишоварзӣ, ҷиҳати рушди босуръати соҳаҳои чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳидорӣ ва занбӯриасалпарварӣ ва ба ин васила афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ чораҳои амалӣ андеша шавад, таъкид намуд Қ. Ҳакимзода.

Дар идома раиси вилоят гуфт, ки оид ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023, захираи кофии маводи озуқа, сӯзишворӣ, тайёрӣ ба соли нави хониш, таъмиру тармими муассисаҳои таълимӣ, таъмини асбобу анҷоми хониш, ташкили намоиш-фурӯши сару либоси мактабӣ, вусъати корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарияти шаҳру ноҳияҳо ва ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ супоришҳои мушаххас доданд.

Ҳамзамон, дар ҷаласа ҳисоботи муовини якуми раиси вилоят Салимзода Амонулло оид ба таҳлили самти кишоварзӣ ва ҳисоботи муовини раиси вилоят Файзуллозода Заробиддин дар самти саноат шунида шуд.

Дар фароварди маҷлиси машваратӣ раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба роҳбарони шаҳру навоҳӣ, масъулони идораҳои давлатӣ ва фаъолон оид ба назорати қатъии иҷрои дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат супоришҳои мушаххас доданд.

“Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода