Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Таълимоти ғайрирасмии динӣ моро ба куҷо мебарад?


Таълимоти ғайрирасмии динӣ моро ба куҷо мебарад?



Дар муассисаи таълимии давлатии коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар бо ташаббуси шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар вилояти Хатлон семинари омӯзишӣ дар мавзуи “Ваколатҳо ва тағйиротҳои қонунгузорӣ”, доир ба рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” дар самти пешгирии ҳолатҳои ғайриқонунӣ ба роҳ мондан ва гирифтани таълимоти динӣ доир гардид.

Дар семинар намояндаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзигул Юсуфзода, сардори шуъбаи муқовимат бо терроризм, экстремизм ва назорати иҷрои қонунҳо дар самти амнияти миллии Прокуратураи вилояти Хатлон Муҳаммадризо Нидозода, намояндаи Раёсати КДАМ дар вилояти Хатлон Шуҳрат Назаров, раиси коллегияи парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии Суди вилоят Маҷид Аҳмадзода, инчунин мудирони бахшҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, сархатибони масҷидҳои ҷомеи марказӣ, имомхатибони масҷидҳои ҷомеи шаҳру ноҳияҳо иштирок доранд.

Мақсад аз баргузории семинар пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар самти ғайриқонунӣ ба роҳ мондан ва гирифтани таълимоти динӣ ва дуруст ба роҳ мондани таълимоти динӣ мебошад.

Файзигул Юсуфзода, намояндаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни баромади хеш иброз дошт, ки дар асоси супориши Сарвари давлат Прокуратураи генералӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фаъолияти бахшҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросим мавриди санҷиш қарор дода шуд, ки мутаассифона, бисёр камбудиҳо ошкор карда шуд.

-Гарчанде мақомотҳои ваколатдори давлатӣ оид ба дин ва ҳифзи ҳуқуқ барои пешгирии таълими ғайрирасмии динӣ дар дохили кишвар як қатор чораҳои мушаххасро амалӣ намуда бошанд ҳам, вале ҳолатҳои аз ҷониби шахсони алоҳида ва бе доштани иҷозатнома ғайриқонунӣ машғул будан ба таълими кӯдакону наврасон бо мусоидати худи падару модарон ҷой дорад, - изҳор дошт Файзигул Юсуфзода.

Тавре зикр гардид, дар давраи солҳои 2020-2021 ва се моҳи аввали соли ҷорӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ 825 ҳолати ба тадриси ғайриқонунии динӣ ҷалб намудани 1514 нафар шаҳрвандон муайян карда шудааст. Таъкид карда шуд, ки нафарони ба таълимоти ғайрирасмӣ машғулбуда тибқи қонунҳои амалкунандаи кишвар ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуда, ҷазо пешбинӣ карда мешавад.

Даъват ба амал оварда шуд, ки барои пешгирии чунин ҷиноятҳо бетарафӣ зоҳир накарда, дар ҳолати ба чунин ҳодисаҳо рӯ ба рӯ шудан, ба мақомотҳои дахлдор муроҷиат намоянд.

Ф. УМАРОВ, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода