Ҳунарҳои мардумиро равнақ мебахшем
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 28 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 1 213
28 июни соли ҷорӣ ҷаласаи якуми Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳунармандӣ дар вилояти Хатлон таҳти раёсати муовини раиси вилоят Акрам Сулаймонзода баргузор гардид.
Гуфта шуд, ки бо мақсади дар амал татбиқ намудани Барномаи рушди ҳунармандӣ дар ҷумҳурӣ барои солҳои 2021-2025 қарори дахлдори раиси вилоят ба тавсиб расидааст. Имрӯзҳо дар миқёси вилоят дар самти амалӣ намудани барномаи мазкур тадбирҳои зиёде рӯйи кор омада, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят марказҳои ҳунармандӣ фаъолият менамоянд.
Сардори Раёсати агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоят Қобил Файзализода иттилоъ дод, ки ҷиҳати эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумию касбӣ, ривоҷу равнақ додани ҳунарҳои мардумӣ, истеҳсоли армуғонҳо ва бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони бекор мунтазам корбарӣ карда мешавад.
- Барои эҳё ва инкишофи ҳунарҳои миллӣ ва муосир, таҳкими мероси фарҳанги миллӣ ва анъанаҳои таърихии ҳунаромӯзии халқ, ҷалб ва ҳавасмандгардонии аҳолӣ ба истеҳсоли маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, марказҳои таълими калонсолони Тоҷикистон дар аксар шаҳру ноҳияҳои вилоят фаъолияти назаррас дошта, ҳамзамон «Маркази касбомӯзии соҳибкорӣ» таъсис дода шуд, - идома дод Қ. Файзализода. – Ин марказҳо аз рӯйи 40 ихтисос фаъолият дошта, 20 намуди ихтисосҳо вобаста ба рушди ҳунарҳои мардумӣ мебошад. Дар Раёсати агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоят бошад, дар шаш моҳи соли равон 2 ҳазору 786 нафар шаҳрвандон ба касбомӯзӣ аз рӯйи 14 намуди ихтисос ҷалб карда шуданд. Раиси Шӯро, муовини раиси вилоят Акрам Сулаймонзода бобати рушди ҳунарҳои мардумӣ ва аҳамияти муаррифии бештари ҳунармандон ба аъзои Шӯро пешниҳодоти худро ироа кард.
Беҳтарин ҳунармандони вилоят дар озмуни ҷумҳуриявии кандакорӣ, гаҷкорӣ, оинабандӣ ва кундалнигорӣ ширкат намуда, бо сипосномаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидаанд. Бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасманд гардонидани занону духтарони хонашин, эҳё намудани ҳунарҳои миллии мардумӣ имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои вилоят озмуни «Ҳунарманди сол» аз рӯи шаш номинатсия, аз ҷумла дуредгарӣ, дӯзандагӣ, рассомӣ, кулолгарӣ, ганҷкорӣ, бофандагӣ гузаронида мешавад.
Гуфта шуд, ки ҷаласаҳои Шӯрои мазкур минбаъд ҳар семоҳа баргузор гардида, аз рӯи фаъолияти аъзои Шӯро натиҷагирӣ карда мешавад.
Ҳ. ИСМАТ, “Хатлон”