Изҳори тасаллияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми Афғонистон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 24 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Тандурусти ва экология / Хабарҳо, Боздид 1 008
«Ҳодисаи заминларза дар вилоятҳои Пактико ва Хусти Афғонистон, ки бар асари он теъдоди зиёди сокинони ин минтақаҳо фавтида ва хисороти зиёди моддиро ба бор овардааст, моро сахт андӯҳгин кард»,- хабар медиҳад ба намояндагӣ аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати корҳои хориҷии мамлакат.
Дар тасаллияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми Афғонистон, аз ҷумла гуфта мешавад: «Тасаллияти амиқи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистонро ба аҳли хонавода ва наздикону пайвандони фавтидагони ин заминларза баён менамоем.Барои осебдидагони ин фоҷеаи табиӣ орзуи шифои оҷил дорем».
Қобили зикр аст, ки шаби 22 июн дар вилоятҳои Пактико, Хуст, Лағмон, Ғазнӣ, Логар ва Кобули Афғонистон заминларзаи шиддатнокиаш 6,1 бал рух дод. Тавре агентии «Bakhtar» хабар медихад, 1000 нафар ба ҳалокат расида, 1500 кас маҷрӯҳ шудаанд. Мақомоти маҳаллӣ бар онанд, ки эҳтимол шумораи қурбониён ва захмиён зиёд шавад.
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
6-04-2022, 12:41
«Дар маҷмӯъ, мафҳум ва тафаккури дунявӣ дар фарҳанги мо бо дарки илмии истилоҳоти «миллат»,...