Ваҳдат сиришти мо, ваҳдат ҳаёти мост...
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 15 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 739
Ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 30-юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аҳли эҷоди рӯзномаи “Хатлон” ба вилояти Суғд сафари эҷодӣ анҷом доданд.
Дар ҷараёни ин сафар кормандони рӯзнома аз мавзеи таърихии ёдгории бузурги фарҳанги қадимаи аҷдодии тоҷикон Қалъаи Муғ, ки дар баландии 1040 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, дарозии деворҳои он 600 метр ва майдони умумии он 6 гектарро ташкил медиҳад, дидан намуданд. Сипас, аз Фарҳангсаройи Ориёӣ ва идораи радиои маҳаллии "Парвин" дар шаҳри Истаравшан боздид намуда, бо аҳли зиёи ин шаҳр дидору мулоқоти хотирмон анҷом доданд.
Дар рӯзи дувуми сафар дар шаҳри Хуҷанд аз идораи рӯзномаи вилоятии "Ҳақиқати Суғд" дидан карда, бо аҳли эҷоди нашрия доир ба фаъолияти эҷодӣ ва таҷрибаҳои пешқадами корӣ табодули назар сурат гирифт. Ҳамчунин, бо устодони кафедраи журналистикаи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров вохӯрда, аз студияи таълимии телевизионии "Фурӯғ"-и донишгоҳ дидан намуданд.
Ба истилоҳ, "кулминатсия"-и сафари аҳли эҷоди рӯзномаи “Хатлон” ин тамошои мавзеи табаррук - Қасри Арбоб дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буд. Кормандони рӯзномаи “Хатлон” аз қасри муҳташами Арбоб, ки ба мисли як зумра иншооти нодири ҷаҳон Кремлу Тоҷмаҳал ва аҳромҳои Мисру манораи Эйфел чун мавзеи таърихиву фарҳангӣ, илму маърифат ва зиёратгоҳи сайёҳон аз кишварҳои дуру наздик ва меҳмонон аз манотиқи гуногуни кишвар машҳур гаштааст, боздид намуданд. Воқеан Қасри Арбоб бо шарофати баргузор гаштани Иҷлосияи таърихӣ маҳбубияти баландро соҳиб гашта, вирди забонҳои хурду бузург гардидааст.
Дар воқеъ, ваҳдат барои мардуми мо муқаддас аст. Ба қавли Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ваҳдат номаи тақдири мо, шарти пешрафти кишварамон ба сӯйи ояндаи ободу осуда ва муҳимтар аз ҳама, кафили сарҷамъиву хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон аст.
PS. Гузориши муфассал аз сафари эҷодии кормандонро дар шумораҳои ояндаи рӯзнома пешкаши хонандагон мегардонем.
Ф. Давлат, “Хатлон”