Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Қисми даромади буҷети вилоят 102% таъмин гардид


Қисми даромади буҷети вилоят 102% таъмин гардид



10 июни соли ҷорӣ таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар панҷ моҳи соли 2022 баргузор гардид.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ҷаласаро ифтитоҳ бахшида, қайд намуданд, ки дар давраи ҳисоботӣ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар ҳамбастагӣ бо идораю ташкилотҳои вилоятию минтақавӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо тамоми кӯшишу ғайрати худро баҳри татбиқи сиёсати хирадмандона ва амру фармонҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат рӯзи 21 декабри соли 2021, ҳамзамон дастуру супоришҳое, ки дар мулоқоташон бо роҳбарон ва фаъолони вилоят дар таърихи 24 феврали соли равон ва дар ҷараёни сафарҳои кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои вилоят баён доштанд, равона намуда, натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоятро дар панҷ моҳи соли ҷорӣ бо нишондиҳандаҳои мусбат ҷамъбаст намуд.

Оид ба нишондиҳандаҳои рушди вилоят дар панҷ моҳи аввали соли ҷорӣ муовини раиси вилояти Хатлон Акрам Сулаймонзода гузориш дода, гуфт, ки дар ин давра ҷамъоварии маблағи андозҳо бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 101,4 фоиз таъмин гашта, ба буҷет 812,2 миллион сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбати нақша 11,3 миллион сомонӣ зиёд арзёбӣ шуд.

Иҷрои нақшаи андоз 103 фоизро ташкил дода, ба буҷет 681,7 миллион сомонӣ маблағ ворид гардидааст, ки нисбати  нақшаи пешбинишуда 20,1 миллион сомонӣ зиёд аст.

Ҳамзамон, гуфта шуд, ки дар панҷ моҳи сипаришудаи соли 2022 нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо 102 фоиз таъмин гардидааст. Ба буҷет 944,5 миллион сомонӣ ворид гардида, аз ин ҳисоб қисми даромади буҷети маҳаллӣ аз ҳисоби андозу пардохтҳои маҳаллӣ 679,8 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбати нақша 18,2 миллион сомонӣ зиёд аст.

Дар ҷаласаи ҷамъбастӣ ҳамчунин оид ба фарогирии сокинон ба ҷойҳои корӣ, татбиқи 39 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва  тадбирҳои дар ин самт андешидашуда, амалисозии Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 маълумот дода шуд. Зикр гашт, ки ба вилоят аз 30 давлати хориҷӣ сармоя ворид гардидааст, ки дар рушди иқтисодӣ заминаи мусоид мегузорад.

Дар идомаи ҷаласа гуфта шуд, ки дар масъалаи пуррагардонии буҷет, ба тартиб овардани сиёсати андозу молия, низоми бонкӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии савдо, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва дигар самтҳо баробари корҳои иҷрошуда ҳанӯз ҳам дар вилоят захираҳои истифоданашуда зиёд аст, ки дар ин самт мебояд тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардад.

Дар идомаи маҷлиси ҷамъбастӣ ҳамчунин ҳисоботи муовини раиси вилоят Заробиддин Файзуллозода оид ба натиҷаи фаъолияти соҳаи энергетика ва саноат дар давоми панҷ моҳи соли ҷорӣ шунида шуд. Қайд гардид, ки саноатчиёни вилоят дар ин давра ба маблағи 3 миллиарду 470 миллиону 455,8 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда, ҳаҷми истеҳсолро дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 534 миллиону 784 ҳазор сомонӣ зиёд ва суръати афзоишро бо назардошти нархҳои қиёсӣ дар сатҳи 13,7 фоиз таъмин кардаанд. Суръати афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияҳои Вахш, Восеъ, Хуросон, Кӯшониён, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Фархор, Панҷ, Ховалинг, Шамсиддини Шоҳин аз 121 то 222 фоиз таъмин шудааст. Мувофиқи омори расмӣ, дар давоми панҷ моҳи соли равон аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 45 корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар ин замина 420 нафар шаҳрвандони маҳаллӣ бо ҷойи корӣ таъмин гаштаанд.

Дар ҷаласаи ҷамъбастӣ раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода аз раисони шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо доир ба нитиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ пурсон шуда, дар самти мусоидати ҳамаҷониба ба бунёди корхонаю коргоҳҳои саноатӣ дар ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ, таъсиси корхонаҳои хурди макаронбарорӣ дар шаҳру ноҳияҳо, фаъол намудани корхонаю коргоҳҳои тирезаҳои пластикӣ, рахти хоб, намаки ошӣ, зиёд намудани ҳаҷми консерваю равған, дӯхти либосҳои мактабӣ, ҷамъоварии саривақтии андоз, пардохти саривақтии музди меҳнат ва нафақа, пешгирӣ аз сӯхтор, харидории ангишти босифат ва оид ба масъалаҳои дигари мавриди назар дастуру супоришҳо доданд.

Ҳамзамон, аз иштирокчиёни ҷаласа даъват карда шуд, ки ҷиҳати истифодаи самарабахши ҳар ваҷаб замин, аз ҷумла замиинҳои наздиҳавлигӣ, заминҳои назди ташкилоту муассисаҳо ва хоҷагиҳо чораандешӣ намуда, гурӯҳҳои корӣ дар самти кишти такрорӣ дар ҳама шаҳру ноҳияҳо бо мардум мулоқот намуда, то тавонанд дар таъмини бозори истеъмолӣ саҳмгузор бошанд.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода