Модарони ваҳдатсаро дар меҳмонии хатлониён
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 09 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 847
Дирӯз, 8 июн, ҳайати 80-нафараи корвони «Модарони ваҳдатсаро», иборат аз шаш гурӯҳи занону духтарони фаъол ва собиқадори мамлакат аз шаҳри Душанбе, вилояти Суғд, ВМКБ, минтақаи Рашт ва шаҳру навоҳии тобеи марказ ба вилояти Хатлон ташриф оварданд. Ин иқдом ба 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ бахшида шуда, то 11 июн идома мекунад.
Ҳайати меҳмононро дар маркази вилоят - шаҳри Бохтар муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ истиқбол гирифта, баргузории корвони “Модарони ваҳдатсаро”- ро аз ҷумлаи иқдомҳои наҷиби таҳкимбахшандаи ваҳдату субот арзёбӣ кард.
- Занону бонувони тоҷик хеле хушбахт ва саодатманданд, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат ба як қатор муваффақиятҳо ноил гардидаанд, - зикр намуд Ф. Шарифӣ. - Соҳибистиқлолии мамлакат дар баробари озодӣ, ободӣ ва сулҳ ба бонувони тоҷик мартаба ва обрӯ дод. Дар вилояти Хатлон теъдоди занон дар вазифаҳои роҳбарикунанда ба 1070 нафар расид. Мо ҳамасола курсҳои омӯзишии духтарони сарварро аз ҳисоби ҷавондухтарон баргузор менамоем. Ғайр аз ин, дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят шӯроҳои занон, духтарон, соҳибкорзанон ва модарони сулҳовар ва ваҳдатсаро таъсис дода шудааст.
Қайд гардид, ки дар доираи баргузории корвони мазкур ташкил ва гузаронидани суҳбату вохӯриҳо дар ҷамоатҳо, қисмҳои низомӣ, тарғиби дастовардҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ, боздид аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ба нақша гирифта шудааст.
Имсол мардуми шарафманди тоҷик 25-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллиро дар фазои сулҳу суботи комил таҷлил мекунад. Барои расидан ба ин рӯз халқи тоҷик аз имтиҳони бисёр сахту сангини таърих гузашта, ба шарофати хиради азалии худ ба мухолифати мусаллаҳона ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшид ва ба аҳли башар исбот намуд, ки метавонад таҳти парчами ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ сарҷамъ гардида, дар фазои сулҳу субот умр ба сар барад.
Собиқадори меҳнат, раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ Руқия Қурбонова, ки дар ҳайати корвон ба вилояти Хатлон омадааст, зимни суҳбат бо мо зикр намуд, ки дар оғози солҳои 90-уми асри гузашта Тоҷикистон дар вартаи харобӣ, мардум дар ҳолати роҳгумиву ноумедӣ, парешониву бенавоӣ қарор дошт. Ҳокимият, сохторҳои давлатӣ фалаҷ шуда буданд.
Дар ҳамин ҳолати фоҷиабор, ки масъалаи пойдории давлати мо ба миён омада буд, дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ин иҷлосияи таърихӣ вакилон Эмомалӣ Раҳмонро роҳбари нави Тоҷикистони ҷангзада ва нисфаш валангору хароб интихоб карданд. Мардум чашми умед ба Эмомалӣ Раҳмон бастанд, ки аз сари минбар ваъда доданд: «Ба хонадони ҳар яки шумо сулҳ меорам…
То як ҳамватан дар хориҷа ғариб аст, ором намехобам». Бо роҳнамоии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, хушунату ҷангу ҷидолро батадриҷ аз байн бурд ва миллатро ба саодату созандагӣ расонд. Ватанро ободу машҳури дунё гардонд, шоирону нависандагон, аҳли зиё ва модарони шикастарӯҳу марсиягӯро ваҳдатсаро кард.
Иштирокчиёни корвони “Модарони ваҳдатсаро” дар аснои мулоқотҳои худ бо мардум аз хизмати бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар гардида, ҷавононро ҳифзу ҳимояи Ватан, суннат ва арзишҳои миллӣ, озодиву дастовардҳои он, сулҳу ваҳдатамон, ки дар ҷаҳон чун падидаи камназири омӯзанда пазируфта шудааст, даъват намуданд.
Ҳайати корвони мазкур то рӯзи 11 июн аз мавзеъҳои сайёҳию фарҳангӣ, ёдгориҳои меъморию таърихӣ ва корхонаҳои истеҳсолию намоишгоҳҳои ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳру навоҳии вилоят дидан мекунанд.
Рӯзи 11 июн дар шаҳри Кӯлоб модарони ваҳдатсаро, шоирону муҳаққиқон, меҳтарони меҳнат, бонувони ҳунарманд дар маросими бошукӯҳе ба ҳам омада, дар мавзуи сулҳу ваҳдати миллӣ табодули назар мекунанд. Дар ин рӯз иштироки аҳли корвон дар ҷамъбасти даври вилоятии фестивали “Сад ранги чакан” пешбинӣ шудааст.
Аз суҳбат бо модарони ваҳдатсаро бармеояд, ки ҳамагӣ аз таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зан — модар ифтихорманданд. Зеро имрӯз зан дар мақоме қарор дорад, ки дар ҳеҷ давру замон чунин ҷойгоҳи баланду эҳтиром ва ғамхорӣ насибаш нагардида буд.
Ҳангомаи ИСМАТ, «Хатлон»