Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Гулҳои чакан рангҳои зиндагиро таҷассум менамоянд


Гулҳои чакан рангҳои зиндагиро таҷассум менамоянд


Дар заминаи соҳибистиқлолии кишвар мо имконият пайдо намудем, то анъана ва ҳунарҳои мардумии ниёгонамонро аз нав эҳё намуда, ҷаҳониёнро аз асолат ва фалсафаи онҳо воқиф созем. Бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ масъалаҳои эҳёи анъанаҳои миллӣ яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати мамлакат қарор гирифт. Маҳз, таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» роҳандозӣ гардид, ки ин озмун оид ба густариш ёфтани санъати чакандӯзӣ ва ҳарчӣ бештар ташвиқу тарғиб намудани моҳияти он заминаи мусоид мегузорад.

Имрӯз бо ифтихор метавонем қайд намоем, ки дар натиҷаи талошҳои фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Бунёди маориф ва илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид – ЮНЕСКО нигораҳои «Чакан»-ро ба феҳристи мероси ғайримоддии фарҳангии ҷаҳон дохил кард, ки ин падида бори дигар аз ҳунару санъати баланди тоҷикон гувоҳӣ медиҳад. Ба феҳристи мероси ғайримоддии фарҳангии ҷаҳон дохил гардидани нигораҳои «Чакан» дар нигаҳдории ҳувияти миллии тоҷикон, ки ҷаҳонишавӣ ба вижагиҳои фарҳанги мардумони ҷаҳон панҷа бурдааст, нақши шоиста дорад. Дар рӯзгори мо рӯ овардан ба мероси фарҳангии бостон моҳияти хосса пайдо кардааст, зеро новобаста ба пайдоиши усулҳои навини техникии ороиш, ҷараёни баргашт ба усулҳои таърихӣ, дар нигаҳдошти фарҳанги миллӣ ҷойгоҳи ивазнашаванда дорад.

Нигораҳои Чакан, ҳамчун падидаи зеҳнӣ, дар сатҳи фарҳанги ҷаҳонӣ мавриди омӯзиш қарор дорад, ки бостоншиносон дар ин самт тадқиқот бурда истодаанд. Чакан бо моҳияти худ нигора, ё орнамент буда, усули пайдоиши он ба ҷараёни тавлидоти бостонӣ - ба талаботи моддии инсон вобаста мебошад. Дар ин маврид чандин донишмандон, аз ҷумла донишманди нигорашиноси рус Л. М. Буткевич дар китоби худ, унвонии «Таърихи нигора» (История орнамента), табиати маънавии нақшу нигора, биниши дурусти офаридаҳои мардумони бостонро бозгӯ намудааст. Ин донишманд дарёфтааст, ки офарандагони нигораҳо дар осори худ кӯшидаанд мавзӯъҳои пайвастагии хешро бо ҷаҳон, бо кайҳон, боварҳои динии инсонҳои замонаҳоро бозтоб намоянд.

Кашидадӯзиҳои пероҳани чакан ва тоқии чакан ишора ба таърихи ҳазорсолаи миллати тамаддунофари тоҷик аст, ки дар фарҳангномаҳои муътабартарини кӯҳани мо, чун «Бурҳони қотеъ», (соли 1652), «Ғиёс-ул-луғот» (соли 1827), «Фарҳанги Рашидӣ» (соли 1653), «Кашф» (соли 1780) дарҷ гардидааст.

Пайдоиши кашидадӯзӣ ба давраи аввали ҳаёти инсон, яъне асри санг мансуб донистамешавад, он ҷузъи таркибии фарҳанги аҳли башар ва аз қадимтарин ҳунарҳои инсоният ба шумор меравад. Бозёфтҳои бостоншиносони минтақаҳои ориёинишин гувоҳӣ медиҳанд, ки мардуми тоҷик ба матоъҳои гуногун гулпартоӣ ва гулдӯзӣ менамуданд, ки он байни дигар халқиятҳои қадим маъруфу машҳур буд. Санъати чакандӯзӣ аз насл ба насл бо шеваи устод - шогирд ба мерос мондааст, ки имрӯз духтарони зебои тоҷик онро бо ифтихор ба бар мекунанд.

Чакан зеби ҳар бонуи тоҷик буда, дартамоми хонаводаи минтақаи ҷанубу шимол пироҳани чакан ва чодару рӯймоли чаканро дидан мумкин аст. Чакан на танҳо ба дарки зебоишиносӣ мусоидат мекунад, балки бо фалсафаи амиқи худ инсонро бо олами атроф шиносонида, дар худ ҳазорҳо маъниеро ниҳон нигоҳ медорад, ки ба дарки пурраи он фақат ҳунарманд метавонад, сарфаҳм равад.

Тавассути сӯзан ва риштаи борик офаридани шоҳкориҳои чаканӣ худ таҷассумгари таҳаммул, сабру тоқат, дарки маънии ҳастии инсону олам, тартибу низом ва вижагиҳои олами ҳастӣ аст, ки аз ҳунарманд муносибати хосаро тақозо менамояд. Ҳунармандони чирадаст ба василаи нозукию ҳусни беҳамто дар гулҳои чакан зиндагиро таҷассум менамоянд ва инсонро ба дӯст доштану қадр намудани ҳастии хеш водор месозанд.

Дар заминаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон низ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои тарғиби арзишҳои миллӣ, рушди маънавиёт, эҳёи мероси фарҳангии ғайримоддии миллӣ, боло бурдани худогоҳиву худшиносӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди иқтисодӣ, ҷалби занону духтарон ба корҳои хонагӣ ва таҳкими ҳунармандӣ «Барномаи рушди чакандӯзӣ дар вилояти Хатлон барои солҳои 2019-2021»-ро таҳия намудаанд, ки дар давраи амалишавӣ як қатор корҳо ба анҷом расонида шуд.

Дар доираи Барномаи болозикр дар вилоят ҷиҳати рушди чакандӯзӣ чораҳои зарурӣ андешида шуда, аз ҷумла, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят наздик ба 2000 нафар занон ба чакандӯзӣ фаро гирифта шуда, дар шаҳри Кӯлоб ҶДММ “Чакан” ва маркази “Чакан” таъсис ёфтанд. Бонувони чирадаст маҳсули меҳнаташонро барои истифода пешниҳод карда истодаанд, ки ба ғанӣ гардидани буҷети оила ва рушди соҳаи чакандӯзӣ дар вилоят мусоидат менамояд.

Фирӯза Шарифӣ,
муовини раиси вилояти Хатлон

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода