Азми бунёди 230 иншоот дар ноҳияи Вахш
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 08 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 517
Рӯзи 7 июн раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо мақсади шиносоӣ аз рафти корҳои ободонию созандагӣ, сохтмони иншооти таъиноти гуногун ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба ноҳияи Вахш сафари корӣ анҷом доданд.
Нахуст, раиси вилоят аз раванди сохтмони бинои коллеҷи аграрӣ дар Ҷамоати деҳоти “Рӯдакӣ”-и ноҳияи Вахш дидан намуданд. Иншооти мазкур аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ аз тарафи Дирексияи сохтмонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мешавад.
Коллеҷ аз якчанд бинои 4 ва 5-қабата иборат буда, барои се ҳазор донишҷӯ пешбинӣ шудааст. Инчунин, дар ин ҷо хобгоҳ барои 1200 хонанда ва бинои хобгоҳи омӯзгорон бо 60 манзили истиқоматӣ бунёд меёбад. Масоҳати замин барои сохтмон қариб 8 гектарро ташкил дода, харҷномаи умумии лоиҳа 149 миллион сомонӣ ҳисоб шудааст. Дар идомаи сафар раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода дар Ҷамоати деҳоти “Рӯдакӣ”-и ноҳияи Вахш аз маҳалли сохтмони мактабпарваришгоҳи кӯдакони ятиму бепарастор дидан карданд.
Ин муассисаи таълимию тарбиявӣ аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии хайриявии “Эҳёи Сомониён" ба маблағи 8 миллион сомонӣ барои 240 ҷойи нишаст дар як баст сохта шуда, дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.
Мактаб-интернат аз 6 бино, аз ҷумла бинои асосӣ, бинои хобгоҳ барои 540 нафар, бинои ошхона барои 480 нафар, меҳмонхона барои 10 нафар, бунгоҳи тиббӣ, бинои посбонҳо ва майдончаи варзишии футболи хурд иборат мебошад.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба сохтмончиёну масъулин дастур доданд, ки ҷараёни корҳои сохтмониро ҷиддӣ назорат карда, корҳои бунёдӣ босифат ва бо риояи талаботи меъморӣ анҷом дода шаванд.
Иқдоми сохтмони мактаби таълимӣ ва мактаб - интернати бепарасторон дар ноҳияи Вахш бо мақсади беҳтар намудани инфрасохтори соҳаи маориф ва фароҳам овардани шароити хуби таълим роҳандозӣ гардидааст. Ҳамин аст, ки дар ноҳия давоми се соли охир якчанд мактабу синфхонаҳои иловагӣ сохта ба истифода дода шуд, ки ба ин васила шароиту имконоти таълим низ беҳтару хубтар гардид. Аз ин ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат маорифчиёни ноҳияи Вахш рӯҳу илҳоми тоза гирифта, сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлатро сармашқи кори худ карда, дар тарбияи дурусти насли наврасу ҷавон саҳми муносиб мегузоранд.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар ҷараёни сафари корӣ дар ноҳияи Вахш аз рафти сохтмони Маркази логистикӣ дидан намуданд. Ин марказ аз тарафи соҳибкор Саидов Абдухолиқ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар доираи татбиқи Лоиҳаи “Рақобатпазирии агробизнес дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ҶДММ “Восток-1”-и ноҳияи Вахш ба маблағи 248 ҳазору 584 доллари америкоӣ бунёд мегардад. 50%-и масрафоти сохт-монро соҳибкор сармоягузорӣ кардааст.
Ба раиси вилоят иттилоъ доданд, ки дар ин мавзеъ бунёди ду сардхона бо имконияти қабул намудани то 600 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ташкил гардидааст.
Дар марказ дар як сол бандубасти то 360 тонна мева ва сабзавот ба роҳ монда шуда, дар аввал то 20 ҷойи кории доимӣ ва дар мавсим то 50 нафар сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб карда мешаванд.
Раиси вилоят ба соҳибкори маҳаллӣ ва ташкилотҳои ҳамкор барои сифати матлуби корҳои сохтмонӣ миннатдорӣ баён карда, барои ободонии саҳну атрофи бино тавсияҳо доданд.
Қурбон Ҳакимзода дар идомаи сафар аз сохтмони хобгоҳи писаронаи Коллеҷи тиббии хусусии ноҳияи Вахш дидан карданд, ки дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо маблағгузории соҳибкори ватанӣ Юсупов Шералӣ дар маркази ноҳия - Ҷамоати шаҳраки “Вахш” бунёд шудааст.
Дар раванди сохтмон зиёда аз 30 нафар мутахассисон ба кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин гардидаанд. Иншоот аз 5 ошёна иборат буда, арзиши умумии иншоот зиёда аз 3 миллион сомониро ташкил медиҳад. Қайд гардид, ки иншооти мазкур ба маркази ноҳия ҳусни нав зам намуда, бояд рангу бори беруни бино бо унсурҳои хоси миллию муосир роҳандозӣ карда шавад.
Зимни боздид аз раванди корҳои сохтмонӣ дар Беморхонаи марказии ноҳияи Вахш раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода сохтмончиёну бинокоронро ба иҷрои босифати корҳои бунёдӣ ҳидоят намуда, ба масъулон ҷиҳати иҷрои корҳо ва истифода аз масолеҳи аълосифат дастуру супоришҳо доданд.
Дар ин бемористон мувофиқи «Лоиҳаи ҳифзи саломатии модару кӯдак ва беҳтар намудани самти ёрии таъҷилии тиббӣ дар ноҳияҳои вилояти Хатлон», дар асоси созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федоролии Олмон оид ба ҳамкориҳои молиявӣ таъмири асосӣ ва азнавсозии таваллудхона, сохторҳои ёрирасон, барқароркунии коммуникатсияҳои муҳандисии берунаи беморхона идома дорад. Ҳазинаи умумии татбиқи лоиҳа 3 миллиону 167 118 евро будааст. Ба корҳои сохтмонӣ 76 нафар бинокорони маҳаллӣ ҷалб шудаанд.
Ба иттилои Шералӣ Нуров, роҳбари муассисаи КАТС-и ноҳия, дар ноҳияи Вахш ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай 4 бунгоҳи саломатӣ бунёд ва бо таҷҳизоти зарурии тиббӣ таъмин гардидааст. Ҳамзамон, бунёди 2 беморхонаи хусусӣ, азнавсозии 5 бунгоҳи тиббӣ ва таъмири куллии 9 маркази саломатӣ дар ноҳия ба нақша гирифта шудааст.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, ҳамчунин аз корхонаи нассоҷии ноҳияи Вахш, ки дар доираи Солҳои рушди саноат аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Бароталӣ Юсупов бо ҳазинаи 9 миллион сомонӣ бунёд гардидааст, дидан намуданд.
Мақсад аз бунёди корхона таъмини бозорҳо бо маҳсулоти нассоҷии ватанӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, таъмини маоши хуб ва ба ин васила паст намудани сатҳи ниёзмандии аҳолӣ мебошад. Дар корхона таҷҳизот ва ашёву анҷоми муосир насб гардида, тибқи нақшаи тиҷоратӣ, дар сурати ба пуррагӣ фаъол гардонидани корхона 400 нафар сокинони маҳаллӣ ба кор таъмин карда мешаванд.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зимни мулоқот бо роҳбарият ва соҳибкорони ноҳия таъкид намуданд, ки Вахш ноҳияи аграриву саноатӣ буда, барои бунёди корхонаву коргоҳҳои саноатию истеҳсолӣ, коркарди маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ имкониятҳои зиёд дорад.
Ҳоло дар ноҳия беш аз 20 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёди боз 24 корхонаи нави саноатӣ дар ин ноҳия пешбинӣ гардидааст.
Ба иттилои масъулони ноҳия, то таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Вахш бунёди 230 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст.
Дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлол дар ноҳияи Вахш 345 иншоот бунёду азнавсозӣ шуда, боиси беҳтар шудани инфрасохтор дар сатҳи маҳал ва боз ҳам ободтар шудани ин гӯшаи Ватани азизамон гардид.
Н.Маъмурзода , “Хатлон”