Сафари кории раиси вилоят ба ноҳияи Ховалинг
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 09 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 911
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо мақсади амалисозии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ноҳияи Ховалинг сафари корӣ анҷом доданд.
Сараввал, раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода аз рафти корҳои сохтмонии бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18, ки дар деҳаи Сафедшаҳраки Ҷамоати деҳоти “Лоҳутӣ” воқеъ аст, дидан намуданд. Иншооти мазкур аз тарафи Дирексияи сохтмонии иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Пезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳи замонавӣ дар масоҳати 1,13 га сохта мешавад. Муассисаи таълимӣ дуошёна буда, дорои толори варзишӣ, китобхона, 17 синфхона ва 11 адад ҳуҷраҳои кории маъмурӣ барои 320 хонанда бунёд мегардад.
Дар ҷараёни сафари корӣ раиси вилоят, инчунин, аз ҷараёни корҳои сохтмонии бинои коллеҷи тиббӣ, ки аз тарафи ҶДММ “Оби Ховалинг” мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад, боздид намуданд. Айни замон, корҳои сохтмонӣ дар ошёнаи дуюм идома дошта, дар сохтмони иншоот зиёда аз 30 нафар коргарони маҳаллӣ бо кори мавсимӣ ва маоши хуб таъмин карда шудаанд. Коллеҷи тиббӣ аз 8 синфхона, 6 кабинети маъмурӣ, озмоишгоҳ иборат буда, дар шафати бинои коллеҷ барои донишҷӯён хобгоҳи замонавӣ бунёд карда мешавад.
Дар идомаи сафари корӣ раиси вилоят аз раванди сохтмонии мактаби санъати бачагона дидан намуд. Иншооти мазкур ба 300 ҳазор сомонӣ аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Абдулло Ҳасанов сохта мешавад. Раиси вилоят зимни боздид аз корҳои сохтмонии иншооти мазкур ба масъулон ва сохтмончиён барои босифат ва дар муҳлати муқаррагардида анҷом додани корҳои сохтмонӣ дастур ва тавсияҳои судманд доданд.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар ҷараёни сафари корӣ ба масъалаҳои истифодаи оқилонаи замин, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва нашъунамои сабзавоту меваҷот таваҷҷуҳ намуда, аз заминҳои хоҷагиҳои деҳқонии «Бобоюнус», «Фарангис» ва «Баландсар» дидан намуданд.
Баъди боздид аз хоҷагиҳои мазкур Қурбон Ҳакимзода бо масъулон суҳбати сарироҳӣ намуда, таъкид намуданд, ки таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои афзалиятноки стратегии Ҳукумати мамлакат маҳсуб меёбад. Дар ин бобат, баҳри иҷроиши дастуру супоришҳои Роҳбари давлат дар самти таъмини бехатарии озуқавории мамлакат, ҷамъоварии беталафи зироати ғалладонагӣ, меваҷот, картошкаю дигар навъҳои зироати кишоварзӣ, захираи хӯроки чорво тавсия ва супоришҳои мушаххас доданд.
Бахтиёр Сафаров,
сармутахассиси шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб