552 оила кӯчонида мешаванд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 04 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 907
Таҳти раёсати муовини раиси вилояти Хатлон Акрам Сулаймонзода ҷаласаи Комиссияи байниидоравии танзими равандҳои муҳоҷирати назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон баргузор гардид.
Дар ҷаласа аъзои Комиссия, муовинони соҳавии раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дахлдори вилоятӣ, мудирони шуъба ва бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳои вилоят штирок карданд.
Дар кори ҷаласа ҳисоботи сардори Раёсати хадамоти муҳоҷират дар вилоят Баҳодур Азиззода ва дигарон оид ба ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2021, №518 «Дар бораи тартиби амалӣ намудани муҳоҷирати дохилии аҳолӣ аз ноҳияҳои камзамин ва сераҳолии кӯҳистон ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи ҷумҳурӣ дар солҳои 2022-2024» шунида шуд.
Қайд гардид, ки мувофиқи нақшаи муҳоҷирати дохилии аҳолӣ, аз ноҳияҳои камзамин ва сераҳолии кӯҳистон ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи ҷумҳурӣ дар солҳои 2022-2024, ки бо қарори раиси вилояти Хатлон аз 18 январи соли 2022, №10 тасдиқ шудааст, аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ба ноҳияҳои Носири Хусрав, Ҷалолиддини Балхӣ, Хуросон, Шамсиддин Шоҳин ва шаҳри Турсунзода кӯчонидани 552 оила, аз ҷумла дар соли 2022 - 188 оила ба нақша гирифта шудааст.
Дар баробари интиқоли муҳоҷирони дохилии берун аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ба вилояти Хатлон дар давоми соли 2022, тибқи қарори зикршуда, аз ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ 15 оила, Ишкошим 10 оила, Дарвоз 5 оила, Тоҷикобод 5 оила, ҷамъ 35 оила ба ноҳияи Хуросон, аз ноҳияҳои Рашт 10 оила ва Тоҷикобод 5 оила ба ноҳияи Носири Хусрав кӯчонида мешаванд.
Ҳамчунин тибқи ин қарор ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз ҳисоби шаҳру ноҳияҳои берун аз вилоят ҷамъ 50 оила дар соли 2022 кӯчонида шуда, бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва қарзи имтиёзнок таъмин карда мешаванд.
Муовини раиси вилоят А. Сулаймонзода изҳори нигаронӣ кард, ки то имрӯз аз 4 ноҳияи қабулкунандаи муҳоҷирони дохилӣ танҳо раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин қарор дар бораи ҷудо намудани қитъаи замин баровардаасту халос. Оид ба масъалаи мазкур қарорҳои дахлдори раисони ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Хуросон ва Носири Хусрав то ба имрӯз ба тасвиб расонида нашудааст.
Муовини раиси вилоят Акрам Сулаймонзода баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва тақвият бахшидан ба кори комиссияҳои шаҳрию ноҳиявӣ масъулонро вазифадор намуд.
Н. Маъмурзода, “Хатлон”