Ҳадаф - беҳтар кардани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 03 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Хабарҳо, Боздид 1 038
Дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти роҳбарии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҷаласаи 15-уми Шӯрои машваратии назди раиси вилоят оид ба беҳтар кардани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа муовини раиси вилоят Акрам Сулаймонзода, сардорони раёсат ва ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, намояндагони барномаҳои шарикони рушд иштирок доштанд.
Дар ҷаласаи Шӯрои машваратии назди раиси вилоят оид ба беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ гузориши гурӯҳҳои кории Шӯро вобаста ба натиҷаҳои омӯзиш ва таҳлил дар самтҳои рушди содирот, боғу токпарварӣ ва сармоягузорӣ дар вилоят шунида шуда, соҳибкорон ва мутахассисони соҳа ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта дар ин самтҳо ибрози назар намуданд.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода қайд карданд, ки дар зарфи 5 соли оянда, дар доираи Солҳои рушди саноат, бояд дар ҳудуди вилояти Хатлон 700 корхона ва коргоҳҳои истеҳсолӣ бо таъсиси 14 ҳазор ҷойи корӣ бунёд гардад. Дар назар аст, ки 132 корхонаву коргоҳ дар соли 2022-юм мавриди истифода қарор дода шавад. Вилоят имкон дорад, ки ин рақамро афзоиш дода, дар шукуфоии ин гӯшаи ватани маҳбуб бештар ҳиссагузорӣ намояд. Дар ободонии Хатлонзамин соҳибкорони бонангу номуси он саҳми арзанда доранд.
Зикр шуд, ки дастгирии соҳибкорони ватанӣ, таъмини рушди босуботи истеҳсолот, ворид кардани сармояи мустақим, амалигардонии лоиҳа ва Барномаҳои давлатӣ, мусоидати ҳамаҷониба ба ҳалли мушкилоти соҳибкорон, бахши хусусӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ, ҷудо кардани қитъаи замин барои бунёдкорӣ аз ҳадафҳои асосии давлату Ҳукумати мамлакат мебошад.
Зимни баррасии масъалаҳои ҷаласа раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода мунтазам вусъат ёфтани раванди ислоҳотро тавассути муколамаи озоди байни давлат ва бахши хусусӣ бо баргузории ҷаласаҳои шӯро қайд намуда, дар ин замина беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ дар соҳаҳои воқеии иқтисодиёт ва рушди содирот аз вилоятро натиҷаи фаъолияти самараноки шӯро арзёбӣ намуданд.
Дар охир раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода вобаста ба баргузории ҷаласаи 15-уми Шӯрои машваратии назди раиси вилоят оид ба беҳтар кардани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ва нақшаи кории котиботи шӯро, беҳтар кардани сатҳи муколамаи бахши хусусӣ бо сектори иқтисодии давлатӣ изҳори андеша карда, ба роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дахлдори вилоят, аъзо ва котиботи Шӯро тавсияҳои судманд ироа намуданд.
http://khatlon-ruznoma.tj/