Аксари шаҳру ноҳияҳо нақшаро иҷро карданд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 01 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 1 189
22 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон, ба истиснои ноҳияҳои Кӯшониён, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Ҷалолиддини Балхӣ, нақшаи даъвати баҳории навҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакатро пурра иҷро намуданд.
Тавре ки ба рӯзномаи “Хатлон” аз комиссариати ҳарбии вилоят иттилоъ доданд, то рӯзи 30 май дар сатҳи вилоят нақшаи даъвати баҳорӣ 99% таъмин гардид, ки аз нишондиҳандаи миёнаи ҷумҳурӣ (98,3%) баландтар аст.
Ба қавли манбаъ, қарор аст, ки ноҳияҳои Кӯшониён, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Ҷалолиддини Балхӣ низ дар рӯзи охири мавсим аз уҳдаи иҷрои пурраи нақшаи даъвати ҳарбӣ бароянд.
Ёдовар мегардем, ки даъвати баҳории навҷавонони аз 18 то 27-сола ба сафи Артиши миллӣ 1 апрел оғоз гардида, то 31 май идома мекунад. Маъракаи сафарбарӣ дар вилоят муташаккилона идома дошта, аксари ҷавонон довталабона барои адои хизмати низомӣ изҳори омодагӣ намудаанд.
http://khatlon-ruznoma.tj/