Таҷлили Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдак дар Хатлон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 01 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 865
Дар майдони Нишони давлатии шаҳри Бохтар бо иштироки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҳамоиши муҳташам ба ифтихори Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон ҷараён дорад.
Намоиши афсонаҳои халқӣ, ҳунарҳои дастӣ, ихтироъкориҳои кӯдакону наврасон ҷолиби диққат буд.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зимни ироаи сухани табрикии худ қайд карданд, ки ғамхорӣ намудан ба кӯдакон, фароҳам овардани шароити мусоид барои солиму бардам ба камол расидани онҳо, соҳиби илму маърифат ва фарҳанги баланд гаштанашон дар меҳвари сиёсати Ҳукумати мамлакат ва махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
- Масъулияти саломатӣ, тарбияи маънавии кӯдакону наврасон, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи онҳо дар мактаб ва оила, инкишофи эҷодиёти бачагон ва тайёр намудани онҳо ба зиндагии оянда ба дӯши мо - калонсолон аст, - афзуданд раиси вилоят. - Мо онҳоро бояд дӯст дорем ва меҳру муҳаббати худро дар вуҷуди поки кӯдакон ҷой диҳем.
Зикр шуд, ки рушди тафаккури кӯдакону наврасон, дар ниҳоди онҳо тарбия намудани шахси худшиносу ватандӯст, дорои масъулияти баланди иҷтимоӣ, соҳиби донишу ҷаҳонбинии муосир, қобилияти шинохтани равандҳои мураккаби ҷаҳони имрӯза, дар маркази фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо қарор дошта, дар самти амалӣ гаштани он тадбирҳои қатъӣ андешида мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи иқдоми "Чил рӯзи ҳаёти кӯдакон" дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ силсилаи чорабиниҳо, аз қабили озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯъҳои “Пайравони Пешвои миллат”, “Онҳо барои Ватан ҷангидаанд”, “Кандакори беҳтарин”, озмунҳои “Рассоми беҳтарин”, “Ровии беҳтарин”, “Беҳтарин донандаи асарҳои Пешвои миллат ва китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров, “Ободгари беҳтарин”, “Матолиби беҳтарин дар мавзӯи “Маърифати экологӣ” ва беҳтарин ҳикояи эҷодӣ”, “Луғатдони беҳтарин”, озмунҳои зиёди фанниву мактабӣ ва ғайра бо омодагии ҳамаҷониба ва натиҷаҳои беҳтарин гузаронида шуданд.
Умуман, тибқи қарори мазкур шуруъ аз 21 апрел то 31 май дар қаламрави вилоят таҳти унвони “Чил рӯзи ҳаёти кӯдакон” силсилаи чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ, маърифатию хайриявӣ гузаронида шуданд, ки ҳаёти кӯдаконро хеле рангину шавқовар гардонданд.
Дар идомаи чорабинӣ ба як қатор хонандагони боистеъдод Ифтихорнома ва ба саҳмгузорон дар рушди соҳаи маориф Сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тақдим карда шуд.
http://khatlon-ruznoma.tj/
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
6-04-2022, 12:41
«Дар маҷмӯъ, мафҳум ва тафаккури дунявӣ дар фарҳанги мо бо дарки илмии истилоҳоти «миллат»,...