Худшиносии миллӣ - омили пойдории истиқлолияти давлатӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 19 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 865
Таҳти ин унвон рӯзи 18 май дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар конфронси илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.
Ҳамоишро муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ ифтитоҳ бахшида, аз ҷумла қайд намуд, ки меҳвари ин худшиносии миллиро меҳру садоқат ба Ватан, ҳисси баланди масъулият ва саъю талош дар самти ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ ташкил медиҳад.
- Бо зикри зарурати дар рӯҳияи худшиносии миллӣ ба камол расонидани насли ҷавон Пешвои миллат таъкид намудаанд, ки тақвияти корҳои тарбиявӣ дар байни хонандагон, дар зеҳну шуури ҷавонон бедор кардани нангу номуси миллӣ, ҳисси ватанпарварӣ ва ҳимояи онҳо аз гароиш ба гурӯҳу ҳаракатҳои ифротӣ аз ҷумлаи масъалаҳои ҳалталаби рӯз мебошад, - идома дод Ф. Шарифӣ - Дар ин росто мо вазифадорем, ки ба масъалаҳои таълиму тарбияи наврасону ҷавонон эътибори ҷиддӣ дода, дар ташаккули мафкураи миллӣ, таъмини рушди маънавӣ, ҳалли мушкилоти мавҷуда саҳми муносиб гузорем.
Дар конфронс муаллими калони кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Маҳмудов Давлатшоҳ ҳамчун маърӯзачии асосӣ, ҳамзамон роҳбарон ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ширкат варзиданд. Конфронси мазкур ба Рӯзи ҷавонони мамлакат бахшида шуда, ҳадаф аз баргузории он ташаккул додани ҳисси ватандӯстӣ, қадршиносӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ ва таърихи халқамон унвон мешавад.
Дар ҳамоиш қайд гардид, ки тибқи омори расмӣ, 18%-и аҳолии ҷаҳонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Дар Тоҷикистон афроди то 30-сола 70 дарсади аҳолиро ташкил медиҳанд. Ин ҷавонон ояндаи давлати моянд ва тарбияи шоистаи онон ба ояндаи дурахшони давлат таъсиргузор хоҳад буд.
- Ташаккули маърифати сиёсӣ моро водор мекунад, ки ба тамоми ҳодисаю таҳаввулоти дар мамлакати мо ва дигар қитъаҳои ҷаҳон баамаломада ба таври воқеӣ баҳо дода, мавқеи худро дар он равшан муайян кунем, - гуфт таърихшинос Д. Маҳмудов.
Ёдовар мешавем, ки дар яке аз суханрониҳои худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо ҷавонони боистеъдоди кишвар гуфта буданд: “Дар баробари иштироки фаъолона дар корҳои созанда ва бунёдкорона ҷавонони моро зарур аст, ки ба таърих, забон ва фарҳанги миллӣ, рамзҳои давлатӣ, анъанаҳои неки халқи куҳанбунёди тоҷик эҳтироми хос зоҳир намоянд ва таърихи гузаштаи худро амиқ омӯхта, ба арзишҳои неку писандидаи ниёкони хеш арҷ гузоранд. Онҳо ҳамчун ворисони аҷдоди некноми мо бояд мероси моддиву маънавии халқамонро бо ҳисси баланди миллӣ омӯзанд, ҳифз кунанд ва онро ба оламиён ба таври шоиста муаррифӣ намоянд”.
Бо эътимоди комил метавон гуфт, ки ҷавонони тоҷик аз уҳдаи иҷрои қарзи ватандорӣ ва фарзандии худ сарбаландона мебароянд, арзишҳои миллиро ҳифз мекунанд, амнияту оромии Ватани азизамонро шабу рӯз ҳимоя менамоянд ва бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ба хотири рушди Тоҷикистони биҳиштосоямон минбаъд низ саъю талош мекунанд.
Дар конфронс чанде аз ҷавонони фаъол низ суханронӣ карда, таъкид доштанд, ки дӯст доштани Ватан, омода будан ба ҳимояи марзу буми он, ҳифзи сулҳу ваҳдат ва истиқлолият арзишҳоест, ки ҷавонон пос медоранд. Мо - ҷавонон кӯшиш мекунем, ки Тоҷикистони азизамонро дар ояндаи наздик боз ҳам ободтар гардонем, аз пешрафти илму техника баҳра барем, чун Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешоҳангу ташаббускор бошем. Ҷавонон бояд пайваста аз пайи илму дониш бошанд ва ба корҳои хайр даст зананд, зеро ояндаи кишвари азизамон дар дасти худи мост.
Дар баробари ин, аҳли ҳамоиш бештар дар бораи пайомадҳои хатарзои бегонапарастӣ, мазҳабфурӯшӣ, пешгирии гароиши ҷавонон ба гурӯҳҳои бегона, маводи мухаддир ва коррупсия суханронӣ намуда, таҳдидҳо ва хавфу хатарҳои ҷаҳони муосирро бо диди нав ва мисолҳои мушаххас пешкаши иштироккунандагони ин конфронс гардониданд.
“Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
6-04-2022, 12:41
«Дар маҷмӯъ, мафҳум ва тафаккури дунявӣ дар фарҳанги мо бо дарки илмии истилоҳоти «миллат»,...