Қ. Ҳакимзода. “Оила макони тарбияи маънавиву ҷисмонии фарзандон мебошад”
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 14 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 922
Паёми табрикии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба муносибати Рӯзи байналмилалии оила
Ҳамдиёрони азиз!
Бо шарофати соҳибистқилолии кишвар ва сиёсати хирадмандонаву дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконият пайдо гардид, ки тамоми санаҳои фархундаро бо шукӯҳу ҷилои тоза истиқбол намоем.
Дар баробари саннаҳои муҳим ҳамасола дар кишвар 15 май - ҳамчун Рӯзи байналмилалии оила ҷашн гирифта мешавад, ки бо эҳсоси хушнудӣ, сарфарозиву ифтихормандӣ тамоми мардуми шарафманди вилояти Хатлонро ба ин муносибат табрику таҳният гуфта, ба ҳар яки шумо рӯзгори ободу осуда, тансиҳатӣ ва иқболи некро таманно дорам.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намудаанд: «Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфамиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбад».
Дар ҳақиқат, оила ҳамчун унсури асосии ҷомеа ҳамеша нигоҳдорандаи арзишҳои инсонӣ, идомаи таърихии наслҳо ва омили мустаҳками инкишоф буда, ҳамчун падидаи иҷтимоиву ҳуқуқӣ маҳаки асосии ҷамъиятро ташкил дода, дар сатҳи Конститутсияи кишвар барои ҳифзи он ва таҳти ғамхории махсуси давлат фаро гирифтани модару кӯдак аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҳамаи чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Мавриди қайд аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон модару кӯдакро таҳти ҳимоя ва ғамхории давлат қарор дода, падару модарро барои тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнатро барои нигоҳубин ва таъмини падару модар масъул гардонидааст.
Дар назди ҳар як оила вазифаи хеле муҳим ва рисолати бузург меистад, ки ин пеш аз ҳама, тарбия кардан ва ба камол расонидани фарзандони нобиғаву хирадманд, солиму тандуруст, ватандӯсту меҳнатдӯст, бонангу номус, далеру шуҷоъ, озодихоҳу адолатпарвар ва хирадманду созанда мебошад.
Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки ба хотири тақвият бахшидани раванди тарбия дар оила нигаронида шуда аст, гувоҳи гуфтаҳои болост. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиларо ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеа номида, муҳити созгор ва солимии онро омили пешрафт ва рушди ҷамъият маънидод кардаанд.
Тоҷикон аз қадимулайём фарҳанги бузурги оиладорӣ дошта, тавассути урфу одат ва суннату анъаноти худ онро ба оламиён муаррифӣ кардаанд. Фарҳанги оиладорӣ ва тарбияи фарзандони хонаводаи шоҳони тоҷиктабор, ки ҳамчун намунаи беҳтарини ахлоқ ва маърифати инсонӣ шинохта шуда аст, ҳанӯз аз дарбори шоҳ Ҷамшед манша гирифта, ба сулолаи бузурги Сомониён ва то имрӯзи мо ҳамчун мерос омада расида аст. Ин анъанаи нек дар даврони соҳибистиқлолии кишвар аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ ёфта, барои эҳёи суннатҳои бузурги оиладорӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шудааст.
Садоқат ба Ватан - Модар, муҳаббат ба арзишҳои миллӣ ва эҳтиром ба муқаддасоти давлатӣ танҳо дар оила камолоту нафосати ҳақиқии маънавӣ пайдо мекунад. Фарзандоне, ки дар чунин оила дуруст тарбия меёбанд, метавонанд, дар оянда соҳиби обрӯ ва зиндагии шоиста гарданд.
Бедор кардани ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносӣ дар шахс, ҳанӯз аз овони кӯдакӣ, дар оила оғоз меёбад. Чунки оила макони тарбияи маънавиву ҷисмонии фарзанд буда, волидайн дар тарбияи фарзандони хеш масъулияти ҳалкунанда доранд.
Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки бо истифода аз ҳикмати бузурги ниёгони гузаштаи худ тарбияи фарзандонро дуруст ба роҳ монда, онҳоро дар руҳияи меҳнатпарастӣ, инсондӯстӣ ва садоқат ба халқу диёр тарбия намоем.
Дар шароити то рафт мураккаб гардидани авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва бархурди тамаддунҳо волидайн масъуланд, ки бештар дар муҳити хонадон барои таълиму тарбияи фарзандон шароити созгор фароҳам оварда, онҳоро ба омӯзишӣ илмҳои дақиқ ҷалб созанд, ки аз ҳеҷ гуна ақоиду андешаҳои ботил газанд наёбанд ва ҳамеша пос дорандаи марзу буми хеш бошанд.
Дар ин росто саҳми оила ҳамчун мактаби бузурги тарбия роли ҳалкунанда дорад.
Бо таъкиди бузургон “Оила кори хеле муҳим ва масъулиятноки одам аст. Оила ҳаётро пуру паймонтар карда, хушбахтӣ меорад. Вале ҳар як оила, хусусан, дар ҳаёти ҷамъият пеш аз ҳама масъалаи бузургест, ки аҳамияти давлатӣ дорад”.
Бояд барои пойдорӣ ва устувории давлат, ки аз оилаи солим вобастагии қавӣ дорад, тамоми нерӯ ва донишу малакаи хешро равона намоем, то ҷомеаи солиму оилаи намунавиро ба воя расонем.
Итминони комил дорам, ки мардуми заҳматқарини Хатлонзамин ҳикматҳои файласуфонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки ҳамеша таъкид менамояд: «Оилаи солим як омили муҳими пойдории давлат аст ва маҳз фарзандони соҳибмаълумот, бомаърифат ва оқилу зирак ба қадри падару модар, миллат ва Ватани азизамон расида, номбардори сазовори давлати соҳибистиқлоламон мегарданд» пайравӣ намуда, бо нигоҳдоштани оилаи солим фарзандони содиқи ватанро тарбия ва ба камол мерасонанд.
Бори дигар тамоми мардуми шарафманди вилояти Хатлонро ба муносибати Рӯзи байналмилалии оила самимона шодбош гуфта, ба ҳар яки шумо пирӯзиву комёбӣ, тансиҳатӣ, рӯзгори хушу осударо таманно дорам.
Ид муборак, ҳамдиёрони азиз!
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
6-04-2022, 12:41
«Дар маҷмӯъ, мафҳум ва тафаккури дунявӣ дар фарҳанги мо бо дарки илмии истилоҳоти «миллат»,...