Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ҲАЙАТИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ ОСОРХОНАИ АРХЕОЛОГИИ ТИРМИЗ ДИДАН КАРДАНД


ҲАЙАТИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ ОСОРХОНАИ АРХЕОЛОГИИ ТИРМИЗ ДИДАН КАРДАНД



Ҳайати вилояти Хатлон бо роҳбарии муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ дар фестивали байналмилалии Баҳори Бойсун иштирок намуданд.

Дар доираи сафар ба Ҷумҳурии Узбекистон меҳмонон ҳамчунин, аз осорхонаи “Таърихи Тирмиз ва мероси тирмизиён” ва осорхонаи археологии Тирмиз дидан карданд.
Осорхонаи археологии Тирмиз моҳи октябри соли 2001 ба ифтихори 2500-солагии шаҳри Тирмиз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.


Осорхона дорои 27 ҳазор нигораҳои таърихӣ мебошад, ки дар байни онҳо наққошиҳои қадимӣ, муҷассамаҳо, тангаҳои қадима ва ҳоказо дида мешаванд. Аз даромадгоҳи осорхона меҳмонон вориди толори калоне мегарданд, ки аз он метавон вориди 9 толори дигар гардид.

ДАР ИН ТОЛОРҲО БОЗЁФТҲОИ ДАВРАҲОИ ГУНОГУНИ ТАЪРИХӢ ГИРД ОВАРДА ШУДААНД:

• Толори якум. Осори гаронбаҳои археологии асри санг;
• Толори дуюм. Бозёфтҳои асри биринҷ;
• Толори сеюм. Фарҳанги Бохтариён;
• Толори чорум. Фарҳанги Бохтариён то ба сари ҳокимият омадани Кӯшониён;
• Толори панҷум. Давраи ҳокимияти Кӯшониён;
• Толори шашум. Фарҳанги то асримиёнагии Тахористони шимолӣ;
• Толори ҳафтум. Фарҳанги асримиёнагии Тахористон;
• Толори ҳаштум. Фарҳанги Темуриён;
• Толори нуҳум. Ашёҳои марказҳои бузурги фарҳангии асри XVI — XX.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода