Оилаи хушбахти кӯдакон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 06 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 894
Ташкил ёфтани мактаб – интернати таҳсилоти ҳамагонӣ дар ноҳияи Ёвон ба солҳои соҳибистиқлол шудани кишварамон рост омад. Аз 30 декабри соли 2001 он номи Муассисаи давлатии мактаб – интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятиму бепарасторро гирифт. Ваколати идоракунии он ба зиммаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст.
Дар муассиса 188 нафар кӯдакони ятим ба тарбия фаро гирифта шудаанд ва 59 нафари онҳоро духтарон ташкил медиҳанд. Мактаб – интернатро интернатсионалӣ гӯем ҳам мешавад, чунки дар ин макон 156 нафар тоҷик, 27 нафар ӯзбек, 3 нафар қирғиз, 2 нафар русҳо чун аъзои як оила бародарвор таҳсилу зиндагӣ менамоянд. Ин гурӯҳи тарбиятгирандагони муассиса аз падар ё модар маҳрум ва 3 нафарашон ятими кулл мебошанд.
Ба тарбиятгирандагон 20 нафар омӯзгорон бо меҳру муҳаббати бепоён илму дониш меомӯзонанд, ки 16 нафари онҳо занонанд, 90 фоизи омӯзгорони муассиса дорои маълумоти олӣ ва соҳибкасбанд. Дарсҳои гузаронидаи омӯзгорон замзамаи меҳру муҳаббат, ватандӯстӣ, одамдӯстиро тараннум менамояд. Синфхонаҳои ҷиҳозонидашуда дар ихтиёри тарбиятгирандагони муассиса вогузор аст. Талабагон ба машғулияти иловагӣ фаро гирифта шудаанд. 9 нафар хонандагони муассисаи мо дар олимпиадаи фаннии даври вилоятӣ иштирок намуданд. 3 нафари онҳо ба даври чоруми олимпиадаи ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.
Аз байни онҳо Маҳфузулло Раҷабов, хонандаи синфи 11, аз фанни забон ва адабиёти тоҷик сазовори ҷойи дуюм гардид, ки ин боиси ифтихори коллективи омӯзгорону хонандагони мо мебошад. Суҳробҷон Маҳмудов ва Маҳфузулло Раҷабов гирандагони идрорпулии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Инчунин, Лола Давлатова, Мунира Худоёрова ва Ҳоҷибойи Мустафоқул гирандагони идрорпулии раиси ноҳияанд.
Дар байни хонандагони синфҳои ибтидоӣ даври якуми озмуни “Донояк” гузаронидем. Дардаври дуюми ноҳиявӣ хонандаи синфи 3 Фотима Анарқулова ба гирифтани ҷойи ифтихорӣ сазовор шуд.
Дар муассиса барои гузаронидан ва қайд намудани ҷашну идҳо тайёрии ҳаматарафа дида мешавад. Бахшида ба 29-солагии Артиши миллӣ озмуни “Ватанпарвар” гузаронида, дар байни муассисаҳои таълимии ноҳия сазовори ҷойи 1-ум гардидем.
Инчунин, оид ба Рӯзи Модар чорабинии диққатҷалбкунанда аз тарафи хонандагону омӯзгорон пайгирӣ гардид. Бахшида ба ҷашни Наврӯз озмуни “Расми беҳтарин” ва “Иншои беҳтарин” таҳти унвони “Наврӯз ҷаҳонӣ шуд” дар байни хонандагони муассиса гузаронида шуд, ки дар ин озмун 50 нафар хонандагони синфҳои 3-11 иштирок доштанд. Хонандаи синфи 8-ум М. Худоёрова аз рӯйи навиштани иншо дар ноҳия ҷойи сеюмро соҳиб гардид.
Дар чорабинии фарҳангии муассиса муовини якуми вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Мирзозода, раиси ноҳияи Ёвон Саидзода Ҷамшед Ҳамро иштирок доштанд. Онҳо хонандагонро аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иди Наврӯз табрик намуда, ба онҳо туҳфаҳои Пешвои миллатро супориданд. Инчунин, меҳнати омӯзгорони пешқадам бо сипосномаю раҳматномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.
Шогирдон, ки дар солҳои мухталиф муассисаро хатм намуда буданд, соҳиби касбҳои гуногун шуда, дар соҳаҳои хоҷагии халқ меҳнат карда истодаанд. Онҳо ба муассиса омада, аз аҳволи устодон ва ҳамқисматонашон хабар мегиранд, суҳбату вохӯриҳо мегузаронанд.
Дастурхони тарбиятгирандагони муассисаро туҳфаҳои овардаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сарпарасти муассисаи мо мебошад ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон, соҳибкорон зебу оро медиҳад. Умед дорем, ки сафи соҳибкорони дарёдил, ятимпарвар зиёд мегардад ва кумаки беминнати худро дар тарбияи ятимон мегузоранд. Тарбиятгирандагон аз кумаки ҳамешагии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва ноҳия бархӯрдор ва миннатдоранд.
Дар таълиму тарбияи тарбиятгирандагон омӯзгорон Б. Сафалов, З. Саминов, М. Юсуфшоев, Ф. Раҳматуллоева, М. Миралиева, Ҳ. Акрамова, М. Юсупова бештар ҳиссагузор мебошанд.
Дар хобгоҳҳои муҷаҳҳазу тозаю озодаи муассиса 112 нафар тарбиятгирандагон ба таври шабонарӯзӣ ба нигоҳубин фаро гирифта шудаанд. Мураббиёни пуртаҷриба ба тарзи омӯзиши хонандагон ва риояи қонуну қоидаҳои дохилимуассисавӣ аз тарафи онҳо назорати доимӣ мебаранд.
Ғамхории падаронаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва ҳокимияти маҳаллӣ дар ҳаққи тарбиятгирандагони муассисаи мо ҳамавақт эҳсос мегардад.
Ҳамин аст, ки пайваста садои хандаи тарбиятгирандагон саҳни муассисаро фарогир мебошад.
Нуқра ҲАСЕНОВА ,
директори муассисаи давлатии таъ-
лимии “Мактаб – интернати ҷумҳуриявии
кӯдакони ятими ноҳияи Ёвон”