Дар вилоят 484 ҳазор кироякор дорем
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 22 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 1 131
Музди миёнаи ҳармоҳаи номиналии кор, ки дар моҳҳои январ-феврали соли 2022-юм ба кормандони кироякор пардохта шуд, ба 1209,62 сомонӣ баробар буд.
Мутобиқи омори расмӣ, дар шаклҳои моликияти бахши воқеӣ имсол ҳаққи меҳнати кормандони соҳаи кишоварзӣ 633,36 сомониро ташкил дод, ки аз ҳисоби миёнаи вилоят 47,6 фоиз кам мебошад. Дар шаклҳои моликияти бахши воқеӣ музди миёнаи кории кормандони соҳаи истихроҷи канданиҳои фоиданок ба 2 ҳазору 59 сомонӣ, соҳаи неруи барқ, газ, буғ ва хунуккунии ҳаво ба 3 ҳазору 155 сомонӣ расидааст, ки мутаносибан нисбат ба сатҳи миёнаи музди меҳнат дар вилоят аз 1,7 то 2,6 баробарро ташкил медиҳад.
Қобили зикр аст, ки аз шумораи умумии аҳолии ба кор машғул шумораи дар рӯйхатбудаи кироякорон дар корхонаҳои ҳамаи шаклҳои моликият 484 ҳазор нафар будааст.
http://khatlon-ruznoma.tj/