Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Бозомӯзии мутахассисони соҳаи сайёҳӣ


Бозомӯзии мутахассисони соҳаи сайёҳӣ



Бо мақсади омода намудани мутахассисони соҳибихтисос дар соҳаи сайёҳӣ дар шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Данғара бо ҷалби кормандони ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо ва дигар субъектҳои хизматрасонӣ аз рӯйи ихтисосҳои роҳбалад, барандаи экскурсия, пешхизмати меҳмонхона ва тарабхона даврҳои омӯзишии думоҳа гузаронида мешаванд.

Даврҳои омӯзишӣ дар доираи татбиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, барои солҳои 2019-2022, бо иқдоми Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд.

Солҳои охир бо афзоиш ёфтани шумораи гардиши сайёҳон ба ҷумҳурӣ талабот ба мутахассисони соҳибтаҷриба дар соҳаи сайёҳӣ зиёд гаштааст. Тақвияти неруи кадрӣ ва пешниҳоди хизматрасонии босифат дар баробари рушди инфрасохтор омили муҳими рақобатпазирии соҳа дар минтақа маҳсуб мешавад.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода