Мубориза бо коррупсия қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа аст
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 22 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 1 251
Коррупсия имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст ва он яке аз масъалаҳои мушкили замони муосир ба ҳисоб меравад. Он садди роҳи рушду инкишофи давлатҳо мегардад. Аз ин лиҳоз, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри пешгирии он тадбирҳои ҷиддӣ меандешад.
Бо иқдоми бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, бартараф намудани такроркунии функсия ва ваколатҳои мақомоти идоракунии давлатӣ, таъмини шаффофият ва такмили фаъолияти назоратӣ ҳанӯз 10 январи соли 2007 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми махсусгардонидашуда таъсис дода шуд. Имрӯз он дар самти пешгирӣ аз ин амали нангин нақши калидиро мебозад.
Дар ин ҷода баҳри банақшагирии фаъолияти давлат дар самти муқовимат ба коррупсия бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2008, таҳти №34 бори аввал барномаи зиддикоррупсионии давлатии “Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012” ба тасвиб расид. Баъди ба охир расидани муҳлати амали он, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, таҳти №1504 “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” қабул гардид. Баҳри амалӣ гаштани мақсаду мароми Барномаҳои болозикр Агентӣ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, ҷиҳати татбиқи нақшаи чорабиниҳои онҳо дар ҳамбастагӣ бо вазорату идораҳо чораҳои таъхирнопазир андешида истодааст.
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри иҷрои вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда, тибқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар самти истифодаи самараноку шаффофи маблағҳои буҷетӣ, назорат ва риояи қатъии интизоми молиявӣ барои таъмини амнияти иқтисодии давлат бо роҳи огоҳсозӣ, пешгирӣ, ошкорсозӣ, рафъи ҳуқуқвайронкунии коррупсионӣ, фошнамоӣ, таҳқиқ ва тафтишоти пешакии ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд амал намуда, дар ин давраи фаъолият ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст.
Имрӯзҳо кормандони Агентӣ дар байни кормандони ташкилоту муассисаҳо ва аҳолӣ вобаста ба пешгирии ришваситонӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ мондаанд. Итминон аст, ки ҳар як фарди бо нангу номуси диёр дар масъалаи пешгирӣ аз ин амали нангин худро бетараф намегузорад.
Парвиз Одинамаҳмадзода,
сарнозири шуъбаи муқовимат ба коррупсияи
Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва
мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар вилояти Хатлон