Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Қабули сайёри беш аз 20 шаҳрванд


Қабули сайёри беш аз 20 шаҳрванд


Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода қабули сайёри шаҳрвандон баргузор гардид.

Раиси вилоят зимни қабули шаҳрвандон таъкид намуданд, ки муроҷиати шаҳрвандон ҳаматарафа, беғаразона ва саривақт дар муҳлати муқаррарнамудаи қонунгузорӣ баррасӣ гардида, қарорҳои қонунан асоснок қабул карда мешаванд.

Сокинони ноҳия Амриддин Абдуллоев, Лутфия Муҳаммадиева, Абдулҳаким Ҳайдаров, Аниса Ризвонова, Идигул Бобоева, Ниёзмаҳмад Одинаев, Оламбӣ Мирзоева, Султон Гадоев, Карим Ғуломов, Салимсоқ Салимов, Мирзомаҳмуд Ҳайдаров, Зафар Партоев, Махфират Шарифова, Мирзомиддин Маҳмадалиев, Хуршед Солиев, Чаман Абдуллоева ва дигарон доир ба масъалаҳои кумаки моддию молиявӣ, ҷудо кардани аробачаи маъюбӣ, бунёди биноҳои таълимӣ ва таъмини таҷҳизоти дарсӣ, ҷудо кардани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, саҳми замини хоҷагии деҳқонӣ, дастрас намудани битум барои роҳсозӣ дар маҳал, таъминоти оби нӯшокӣ, харидории трансформатор барои деҳаҳои навбунёд, ҷудо намудани замин барои сохтмони чоҳи амудӣ, мусоидат дар поккории заҳбуру заҳкашҳо дархост карданд.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ҷиҳати омӯзиш ва ҳаллу фасли муроҷиатҳо, инчунин бартараф намудани сабабҳо ва шароите, ки боиси вайронкунии ҳуқуқу манфиатҳои аз тарафи қонун ҳимояшавандаи шаҳрвандон шудаанд, ба масъулони ниҳодҳои дахлдор дастур доданд.

P.S. Ба Қадриддин Абдуллоев, маъюби гурӯҳи якум (дар акс), худи ҳамон рӯз бо дастури раиси вилоят аробачаи маъюбӣ дастрас карда шуд.

Н. Маъмурзода ,
“Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода