Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ИФТИТОҲИ МАКТАБ ДАР ДЕҲАИ БАЛХОБИИ НОҲИЯИ МУЪМИНОБОД


ИФТИТОҲИ МАКТАБ ДАР ДЕҲАИ БАЛХОБИИ НОҲИЯИ МУЪМИНОБОД



Дар доираи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар деҳаи Балхобии Ҷамоати деҳоти Балхобии ноҳияи Муъминобод бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, раиси ноҳияи Муъминобод Лутфия Шарифзода, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Сафарзода Ғазалшоҳ, сафири Ҷопон дар Тоҷикистон, намояндаи барномаи СММ дар  Тоҷикистон, намояндагони ВАО ва дигар масъулини ноҳия муассисаи таҳсилоти миёнаи асосии №38 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Дар ифтитоҳи ботантанаи бинои муассиса, нахуст раиси ноҳия Шарифзода Лутфия меҳмонон ва ҳозиринро ба Наврӯзи байналмилалӣ шодбош гуфта, оид ба таваҷҷуҳи Сарвари давлат дар соҳаи маориф ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат қайд намуд. Аз ҷумла қайд намуд, ки бо саҳми шарикони рушд имрӯз дар ноҳия як мактаби дигар мавриди ифтитоҳ қарор гирифт, ки чандин сол мардуми деҳа онро орзу доштанд.

Сипас, Фирӯза Шарифӣ ҳозиринро ба ин рӯзи фархунда аз номи Раиси вилояти Хатлон табрику таҳният гуфта, иброз доштанд, ки ин ҳама пешравӣ пеш аз ҳама аз сулҳу суббот ва сиёсати пешгирифтаи ватанпарваронаю ватандӯстонаи Пешвои миллат сарчашма мегирад.

Инчунин, зикр намуданд, ки ҳафтаи равон дар вилояти Хатон тантанаҳои Наврӯзӣ идома доранд ва чанд рӯз пеш бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон  якчанд корхонаҳои саноатӣ ва мактабу дигар коргоҳҳо мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд, ки мову шумо шоҳиди он будем. Инчунин аз номи маъмурияти вилоят ба шарикони рушд миннатдорӣ намуданд.

Сафири Ҷопон ва намояндаи Созмони Милали Муттаҳид низ оид ба барномаи худ дар роҳандозӣ ва кумак дар соҳаи маориф ибрози назар намуданд ва илова намуданд, ки минбаъд низ дар доираи ҳамкорӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон кори худро дар татбиқи лоиҳаҳо дар самти рушди маориф ва дигар паҳлуҳо идома медиҳанд.

Тибқи маълумот, бинои пешинаи муассисаи мазкур, ки соли 1985 сохта шуда буд, дар ҳолати садамавӣ ва дар роҳи сойи селгузар ҷойгир буд. Бо пешниҳоди лоиҳа аз тарафи ҳукумати ноҳия ба сафорати Ҷопон ва дастгирӣ ёфтани он сохтмони он аз соли 2021 шурӯъ карда шуд ва имрӯз он мавриди истифодабарӣ қарор гирифт. Дар муассисаи мазкур айни ҳол 63 нафар хонанда таҳсил мекунанд ва он барои 144 ҷойи нишаст дар як басти таҳсил сохта шудааст. Дар назар аст, ки соли ояндаи таҳсил он ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ табдил дода мешавад. 

Дар доираи ин чорабинӣ меҳмонон аз дастовезу ҳунарҳои мардумии бонувони Ҷамоати деҳоти Балхобӣ дидан намуданд. Аз тарафи шуъбаи фарҳанги ҷамоат барномаи консертӣ пешкаши иштирокчиён гардонида шуд.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода