Ифтитоҳи биноҳои хобгоҳ барои хонандагони Мактаби байналмилалии Президентӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 21 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Президент / Хабарҳо, Боздид 786
21 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии ҳамаҷониба бо имконот ва шароити таълиму тарбияи насли наврас дар бинои муосири Мактаби байналмилалии Президентӣ, ду бинои хобгоҳ - писарона ва духтаронаро барои хонандагони ин муассисаи таълимии навтаъсис мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Биноҳои хобгоҳ барои 360 нафар хонанда бо иқдоми соҳибкори ватанӣ, роҳбарияти Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Ширкати холдингии Исмоили Сомонӣ” сохта шуда, бо тамоми шароити муосири будубош барои хонандагони шаҳру ноҳияҳои дурдаст пешбинӣ гардидааст.
Ҳарду иншооти навбунёд аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар алоҳидагӣ барои писарону духтарон сохта шудааст.
Масоҳати умумии замини биноҳо 10 ҳазору 620 метри мураббаъро ташкил дода, худи хобгоҳҳо дар майдони 1472 метри мураббаъ қомат афрохтааст.
Корҳои сохтмонӣ дар ҳарду бинои хобгоҳ моҳи марти соли 2019 дар асоси такмили инфрасохтори Маҷмааи варзишӣ, фарҳангӣ ва таълимии шаҳракаи Балх оғоз гардида, дар муҳлати муайянгардида бо ҷалби мутахассисони ватанӣ бо сифати баланд ва мутобиқ ба меъёрҳои муосир ба анҷом расонида шудааст.
Дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ 70 нафар мутахассиси ватанӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардида, бо мавриди истифода қарор гирифтани хобгоҳҳо 15 нафар ба шуғли доимӣ фаро гирифта мешавад.
Аснои шиносоии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити будубоши хонандагон дар хобгоҳҳои нав, иттилоъ дода шуд, ки ҳарду бино, ҳам писарона ва ҳам духтарона аз ҳуҷраи хоб, ҳуҷраҳо барои мураббиён, посбон ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошанд.
Дар ҳар як ҳуҷраи хоб барои бошандагон рахтҳои хоб, ҷойи шустушӯи бадан ва дигар шароити лозима муҳайё буда, биноҳо бо тамоми қоидаҳои бехатарӣ, аз ҷумла камераҳои назоратӣ таъмин мебошанд.
Биноҳои нави хобгоҳ барои хонандагони Мактаби байналмилалии Президентӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳамзамон дорои нуқтаи махсуси гармидиҳӣ мебошанд, ки дар айёми сардиҳо гармии тамоми ҳуҷраҳоро таъмин мекунад.
Дар атрофи биноҳо гулҳои гуногун ва ниҳолҳои ҳамешасабз шинонида шуда, роҳравҳои ҳудуди он пурра сафолакпӯш гардидаанд.
Ҳамзамон барои истироҳату фароғати бошандагон нишастгоҳҳои замонавӣ гузошта шуда, бо мақсади таъмини рӯшноии атрофи биноҳо ҳангоми шаб, чароғҳои гуногун насб гардидааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо имконоти муҳайёшуда дар хобгоҳҳо, ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, иқдоми соҳибкори ватаниро намунаи ибрат арзёбӣ карданд.
http://president.tj/node/28012