Ифтитоҳи майдони Нишони давлатӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 21 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 668
21 март дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Хатлон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо нишонаи арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ дар пояи Нишони давлатӣ гулчанбар гузоштанд.
Майдони Нишони давлатӣ дар шаҳраки Балхи ноҳия бо санъати баланди меъморӣ ва истифодаи сангҳои ороишӣ бунёд ёфта, корҳои сохтмонӣ бо сифати баланд анҷом дода шудааст.
Баландии пояи Нишони давлатӣ 26 метрро дар бар мегирад.
Гирду атрофи иншооти нав сабзкорӣ гардида, дар ин ҷо гулу буттаҳои ороишӣ шинонидаанд, ки муҳити атрофро зебу зиннат медиҳанд.
Ҳамчунин роҳрав ва ҳудуди иншоот сафолакпӯш гардида, бо шаклу услуби хос чароғон гардонида шудааст.
Мавриди зикр аст, ки майдони Нишони давлатӣ бо мақсади ҳифз ва арҷ гузоштан ба муқаддасоту асолати миллӣ бунёд карда шуда, барои доир намудани иду ҷашнҳо, сайру гашт ва тамошои сокинону меҳмонони ноҳия имконияти мусоид фароҳам гардидааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ба истифода супоридани майдони Нишони давлатӣ ба сифати корҳои анҷомёфта ва иқдоми наҷибонаи соҳибкорон баҳои баланд дода, масъулинро вазифадор карданд, ки ба хотири ободу зебо ва сабзпӯш нигоҳ доштани атрофи иншоот пайваста чораҳои зарурӣ андешанд.
http://president.tj/node/28007