Оғози сафари корӣ дар вилояти Хатлон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 20 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 894
Субҳи рӯзи 20 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Хатлон ташриф оварданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Бохтар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, фаъолон ва сокинони касбу кори гуногун дар фазои идона гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят як зумра иншооти гуногуни муҳимро ифтитоҳ намуда, ба раванди корҳои бузурги созандагӣ, кишту корӣ баҳорӣ оғоз мебахшанд. Ҳамчунин Сарвари давлат дар тантанаҳои ҷумҳуриявии ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ иштирок карда, бо сокинон ва фаъолон мулоқот доир менамоянд.
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба истикболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ корҳои ободонию созандагӣ босуръат идома дошта, сокинони вилоят Наврӯзи байналмилалиро бо омодагии ҳамаҷониба ва рӯхияи созандаи аҳли ҷомеа, ифтихору фараҳмандӣ ва риояи оину суннатҳои хосаш дар сатҳи баланд ҷашн мегиранд.
http://president.tj/node/27981