Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Дар Наврӯз кормандон як ҳафта ва толибилмон 11 рӯз истироҳат хоҳанд дошт


Дар Наврӯз кормандон як ҳафта ва толибилмон 11 рӯз истироҳат хоҳанд дошт



Рӯзи истироҳатии шанбе, 19 март, рӯзи корӣ эълон гардида, ба ҷойи он рӯзи ҷумъаи 25 март истироҳатӣ хоҳад буд.

Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.12.2021, №546 “Дар бораи гузаронидани рӯзҳои истироҳат ба дигар рӯзҳои корӣ дар соли 2022” дар моҳи март рӯзи ҷумъаи 25 март ба рӯзи шанбеи 19 март гузаронида шудааст. Талаботи қарори мазкур танҳо ба муассисаҳое дахл дорад, ки тибқи ҳафтаи кории 5-рӯза фаъолият менамоянд.

Қобили зикр аст, ки тибқи ин қарори Ҳукумати мамлакат рӯзи душанбеи 7 март низ ба рӯзи шанбеи 5 март гузаронида шуда буд.

Ҳамакнун, кормандони ташкилоту муассисаҳои давлатию ғайридавлатӣ, ки реҷаи 5-рӯзаи корӣ дар як ҳафта доранд, дар ҷашни Наврӯзи оламафрӯз 8 рӯз (аз рӯзи 20 то 27 март) таътил хоҳанд дошт.

Дар баробар ин, тавре ки аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, аз 21 то 31 март тамоми хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии мамлакат ба таътили баҳорӣ мебароянд ва чоряки сеюми таҳсил ҷамъбаст мешавад.

Таътили баҳорӣ танҳо ба хонандагон дахл дошта, омӯзгорон дар ин муддат ба корҳои методӣ ва гузаронидани маҷлисҳои падару модарон, суҳбат бо волидайни хонандагон ва чорабиниҳои таълимӣ сафарбар мешаванд. Инчунин ба хонандагон рӯйхати китобҳо тавсия мешавад, то дар таътили баҳорӣ онҳоро мутолиа намоянд. 

Тазаккур дода шуд, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар рӯҳияи хештаншиносӣ ва ватанпарварӣ тарбия намудани насли наврас ҳамеша корҳои муфид ва барномаҳои тарбиявӣ амалӣ месозад.

Зикр шуд, ки таътил барои хонандагон бо мақсади истироҳат муқаррар шудааст. Аммо ин маънои онро надорад, ки хонандагон ин давраро фақат бо тамошои телевизор ва бозӣ кардан дар кӯча гузаронанд.

Масъулини соҳаи маориф иброз медоранд, ки падару модарон ва роҳбарони синфҳо бояд саёҳат ташкил намуда, бачаҳоро ба тамошои ҷойҳои таърихӣ ва осорхонаҳо баранд. Ҳамчунин роҳбарони синфҳо байни шогирдон сабқатҳои гуногуни шавқовар ороста, бояд оид ба муҳтавои китобҳои хондаашон суҳбат гузаронанд.

Инчунин ба хонандагон тавсия дода мешавад, ки дар давраи таътили баҳорӣ бештар ба мутолиаи асарҳои бадеӣ машғул шуда, дониш ва ҷаҳонбинии маънавии хешро васеъ намоянд.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода