Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Анонси чорабиниҳои рангини наврӯзӣ дар вилоят


Анонси чорабиниҳои рангини наврӯзӣ дар вилоят



Шурӯъ аз 21 март дар вилояти Хатлон бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз барномаҳои фарҳангию фароғатӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ оғоз мегарданд. Барномаи театрӣ ва савту навои дилангез бо иштироки ҳунармандони ҷумҳурӣ пешниҳоди сокинон ва меҳмонони вилоят гардида, баҳри ҳаводорони варзиш мусобиқаҳои гӯштини миллӣ ва бузкашӣ доир мешаванд.

21 март, соати 10:00 дар варзишгоҳи марказии «Пахтакор»-и шаҳри Бохтар барномаи фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз бо иштироки ҳунармандони шинохта ва ҳаҷвнигорон баргузор мегардад. Инчунин дар ин рӯз чорабиниҳои иловагии фарҳангӣ-варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Дӯстӣ, Ҷайҳун ва Ҷалолиддини Балхӣ доир мешаванд. 

21 март, соати 10:00 дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Дӯстӣ ва дар ҳамин рӯз, соати 14:00 баргузории мусобиқаи бузкашӣ дар Ҷамоати деҳоти «20-солагии Истиқлолияти давлатӣ»-и ноҳияи мазкур дар назар дошта шудааст.

Ҳамчунин баргузории барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони ноҳияи Ҷайҳун дар варзишгоҳи марказии ноҳия, дар ин рӯз соати 10:00 ва дар ҳамин рӯз ташкилу баргузории мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Ҷамоати шаҳраки «Дӯстӣ», соати 14:00 ва баргузор намудани мусобиқаи пойга ва бузкашӣ дар Ҷамоати деҳоти «Панҷ», соати 11:00 дар назар аст. Бахшида ба ҷашни байналмилалӣ дар варзишгоҳи навбунёди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ барномаи театрии фарҳангӣ 21 март, соати 10:00 ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамчунин дар ин рӯз, соати 10:00 дар варзишгоҳи ба номи Уктам Амакови ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, дар Ҷамоати шаҳраки “Балх”, мусобиқаи гӯштини миллӣ, инчунин дар ҳамин рӯз, соати 10:00 дар Ҷамоати шаҳраки “Балх”, деҳаи Сомониён мусобиқаи пойгаи аспдавонӣ ва бузкашӣ баргузор мегарданд.

Чунин мусобиқаҳои пойга, бузкашӣ, гӯштини миллӣ дар тамоми ҷамоатҳои деҳоти шаҳру навоҳии вилояти Хатлон то рӯзи 27 март баргузор мегарданд.

Мухлисону ҳаводорон ва паҳлавонону човандозҳо метавонанд дар ин чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ, ки бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар фазои орому осудаи Тоҷикистон, дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон доир мешаванд, иштирок намоянд.


http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода